​Неши каждум на аз баҳри кин аст

Санаи 28-уми апрели соли 2021, соати соати 16:00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Дар ин бора Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Баҳси марзӣ миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи нав нест. Ин муаммо давоми чанд соли охир вуҷуд дорад ва дар натиҷаи иғвогариҳои ҷониби қирғиз то имрӯз даҳҳо нафар сокинони осоиштаи Тоҷикистон маҷрӯҳ ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум шудаанд.

Аз муноқишаи охирин, ки ҳанӯз фурсати зиёд нагузашта, ҷониби Қирғизистон ба иғвои дигар даст зад. Новобаста аз он ки моҷароҳои баҳсӣ бо “ташаббус” - и халқи қирғиз рух медиҳад, ҳамоно расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Қирғизистон аз меъёрҳои касбӣ ва принсипҳои журналистикаи байналхалқӣ даст кашида, ҳодисаро ба манфиати худ инъикос мекунанд.

Чунин ҳолат таҷрибаи аввал нест. Ин дафъа низ воситаҳои ахбори оммаи қирғиз бидуни риояи андеша ва фаромӯш намудани оини ҳамсоядорӣ баҳси марзиро дурӯғ тасвир намуданд.

Чунон ки сомонаи иттилоотии “Кnews” менависад, ҷонибҳо баробар сангпартоӣ намуданд, ҳол он ки қадами аввалин барои муноқиша ҳамеша аз ҷониби қирғиз гузошта мешавад. Ин манбаъ хабар медиҳад, ки аз ҷониби қирғиз ду нафар бо ҷароҳати сар ба беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо дар бораи хисорот ва ҷароҳати ҷониби Тоҷикистон “мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задааст”.

Мувофиқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.

Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон истифода мешуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.

Ҳарчанд воситаҳои ахбори чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин ҳодиса низ ҷониби Тоҷикистонро айбдор карданӣ мешаванд, аммо ба таъбирии маъмулӣ “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Ин ки халқи тоҷик давоми давлатдории худ боре ба сӯйи ҳамсоя тир накушодааст ва ба моликияти ғайр чашм ало накардааст, таърих шоҳид аст. Мардуми тоҷик аз азал аз суннати ҳамсоядорӣ бархурдор буда, дар ҳама гуна ҳолат роҳи мусолиҳаву сулҳро пеша мекунад. Аммо агар ба таърихи халқи қирғиз назар афканем, маълум мешавад, ки ин миллати камназар аз оини ҳамсоядорӣ фарсахҳо дур буданду дур мемонанд.

Омили дигари чунин муносибати иғвогароёнаи ҷониби қирғиз ин паст будани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги таҳлили сокинонаш мебошад, ки бидуни дуруст омӯзиши масъала барои ҷанг гом мезананд.

Фарқияти миллати тоҷик низ аз сокинони қирғиз дар ҳамин аст, ки тоҷикон на барои ҷанг, балки барои сулҳ талош мекунанду роҳи ҳалли моҷароҳои сарҳадиро дар музокироту гуфтушунид мебинанд, зеро халқи соҳибтамаддуни тоҷик хуб медонад, ки бо ҷангу ҷидол муроде ҳосил намегардад.

То кунун низ ҳар иқдомоте ҷиҳати ором намудани вазъият дар сарҳад ва ба эътидол овардани моҷарои марзӣ роҳандозӣ шуд, аз ҷониби масъулини нерӯҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар муноқишаҳои соли гузашта низ шоҳид будем, ки дар ҳоле ки масъулини ҷамоатҳои қирғиз (чун Роза Усарова) халқашро барои ҷанг даъват мекард, ҷониби Тоҷикистон сулҳро барои мардум таҳмил менамуд.

Халқи кӯчманчиии қирғиз, ки ғасби заминҳои бегона барояш меросӣ асту фарҳанг шудааст, бо ҳамсояҳои дигари худ – ӯзбекҳо низ дар масъалаҳои сарҳадӣ ҳамеша баҳс дорад. Ин аст, ки халқи ӯзбек хулқу атвори қирғизҳоро дар мақоле чунин тасвир кардааст, ки мазмуни тоҷикии он чунин аст: “Ба қирғиз салом додам, сад танга талаб кард”.

Ба таъбири дигар, дар мавриди табиати мардуми қирғиз байти мазкур мувофиқ аст:

Неши каждум на аз баҳри кин аст,

Балки муқтазои табиаташ ҳамин аст.

Мафтуна ИСМОИЛОВА, рӯзноманигор


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ