Таърих гувоҳ аст!
Хотиррасон кардани ҳақиқати таърих ба Истиқлолоияти миллӣ, дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳони аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона имрӯз дар байни 180 кишвари ҷаҳон эътироф шудаву дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонимрӯза дар байни 200 зиёд давлатҳои абарқудрати ҷаҳони мақоми худро пайдо кардааст. Зеро давлати ҷавони Тоҷикистон дар заминаи бунёдгузорони эҳёгаронӣ таърихӣ худ мебошад. Аммо нафарони сиёҳкунандаи давлату, миллат ҳастанд, ки шабу рӯз барои миллату давлати мо санги сиёҳи худро партофта бошанд, ки ин амали роҳбарон, олимон, ва муҳақиқони баъзе аз шаҳрвандони қирғиз, ки бо хабарҳои пучу савсатаи худ боиси ноороми шаҳрвандони ҳарду кишвар хоҳад шуд. Зеро ин суханон мо ҷавонон ва шаҳрвандони кишварро водор месозад, ки бояд сарзамини аҷдодони худро ҳифз кунем, бунёд кунем, обод кунем, ва барои наслҳои ояндаи худ як мулки ободу зебо мерос гузорем.
Мувофиқи маълумоти паҳн кардаи профессори қирғизи гӯё чоряки қаламрави кунунии Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо ташкил медиҳанд. Профессор Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов), журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” (“Мерос”), як бунёди марбут ба идораи президенти Қирғизистон, дар мусоҳибааш бо нашрияи Koom Press нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро“ сарзамини қирғизҳо номида, иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад.
Ҷавобан ба ин маълумоти паҳнкардаи профессори Қирғиз ва ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистони аз таърихӣ бузурги миллати худхотиррасон кардани ҳастем. Зеро нафароне, ки барои сарзаминони миллати мо баҳс доранд махсусан Қирғизҳо донанд, ки “Тоҷикон” ва ҳам “Тоҷикистониён”- ки ҳастан.
Ёд овардани таърих барои мо, ин нишона аз давлатдории ва соҳибдавлат буданро дорад, ки пеш аз ҳама шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати наводиси таърихӣ зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳони фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Хаҳоманишини бунёд гашта буд. Тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “порс номида мешаванд ва дар замони ҳукумрони арабҳо номи “Тоҷик”-ро гирифтаанд, ҳамон ориёиҳое, ҳастанд, ки ҳамеша омили давалтҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостони ба вуҷуд омаданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ иброз карда буданд, киифтихорӣ тоҷикон аз решаҳои ориёии худ, ҳаргиз манмаънои рӯҳияи истисногароӣ ё бартарафӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ тоҷикон набуда як ҳисси одии ба ҳар инсон хосси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти миллати мо аз бузургию соҳибдавлати тоҷикони бузург нест, маҳз аввалин бунёдкорӣ, созандагӣва эъҷодкорӣ нахустин Эломияи ҳуқуқи башар мебошад, ки ин ҳама аз бузургдавлатӣ мо шаҳодат медиҳад.
Миллати мо! Ниёгони мо аз замонҳои қадим ба кишварҳои ҳамсоя эҳтироми бузурги худро мегузоштанд ва истиқлолияти онҳоро ба расмият мешунохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардоштанд ва даст ба мухолиф, ғорат, тороҷи мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархӯрди сулҳҷӯёнаву мададхоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсони тоҷикони бузургии ориёи ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамватанон буд.
Ба гувоҳи таърих ва таҳқиқоти илмии анҷомшудабар асоси бозёфтҳои таърихии бадастомада, нахустин бор дипломатияи байналмилалӣ дар ҷаҳон аз сӯи давлати Ҳахоманишинӣ дар робита ба кишври Юнон ба кор гирифта шуд ва дар он тамоми усули байналмилалӣ ва дипломатӣ риоя шудааст. Аз ин рӯгуфтан мумкин аст, ки бунёдгузорони сиёсати байналмилаллӣ низ ниёгони мо тоҷикон буд.
Дар ҳамин замина ба суханони паҳнкардаи профессори қирғиз иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад. Суханони пур аз меҳри сиёсатмадор, роҳбар ва яке аз шахсиятҳоибузургии замони Иттиҳоди ШӯравӣИ.В.Сталинро барои ёдрас лозим мешуморем: “Тоҷикон миллати хосе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст ва тоҷикон арзанда будани худро барои наслҳои ояндаи худ аз гузашта то ба имрӯз бо ин ном собит намуданд.
Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмонони Иттиҳоди Шӯравӣтоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.
Тоҷикон дорои фарҳангибостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, таронаҳо ва рақс ошкор аст. Тоҷикон як миллати ғайриоддӣ, соҳиби фарҳангӣ бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати Шӯрави мо ононро ояндаи бузурге дар интизор аст”.
Самандар Тоҳириён-мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия, Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ,
Абдухалилов Дониёр-муаллими кафедраи ҳуқуқшиносии донишгоҳ