Дўст ояд, гарм дар оғўш гир!
Дар илми ҷомеашиносӣ эътироф шудааст, ки ҳеҷ ягон халқу миллат дар алоҳидагӣ умр ба сар бурда наметавонад ва ногузир аст, ки аз баракоти ҳузури ҳамсоягон истифода намояд. Таҷрибаи ҳамзистииҷумҳуриҳои шўравӣ собит намуд, ки агар мақсаду ҳадафи ҳамкориву ҳамзистӣ ба манфиати тарафайн қарор гирад, ба ҳар ду ҷониб судбахш хоҳад буд. Ин нукта ҳоҷати баҳс надорад ва худ шоҳид будем, ки дар замони шўравӣ халқияту миллатҳои гуногун осудаву ором ва хотирҷамъ азҳама таҳдиду фишорҳо умр ба сар мебурданд (бо вуҷуди он ки дар инкишофи забону адабиёти миллӣ бархе аз монеаҳо мушоҳида мешуданд).
Дар адабиёти ҷаҳонӣ ва, махсусан, адабиёти классикии тоҷику форс мутафаккирони мо борҳо гуфтаанд, ки: «Банӣ Одам аъзои як гавҳаранд» ва «Чу узве ба дард оварад рўзгор, - Дигар узвҳоро намонад қарор». Асосгузори адабиёти ўзбек Алишери Навоӣ низ менависад, ки:
Ҷумла бадан, ҷумлаи аъзо яке,
Сурат навъию ҳаюло яке.
Бузургтарин нависандаи ҷаҳонӣ, намояндаи халқи шарифи қирғиз Чингиз Айтматов, ки осори ў, аз рўйи маълумотҳо, ба 154 забони дунё тарҷумаву нашр шуда, теъдоди онҳо соли 1999-ум ба 20 миллион расидааст, бо осори мондагори худ пайванди ҷовидонаи на танҳо банӣ башар, балки одаму табиатро ба дараҷае боварибахш тасвир намудааст, ки аз тарафи халқияту миллатҳои гуногуни дунё ҳамовозӣ пайдо намуда, машҳури олам гардидаанд.
Милатҳои тоҷику қирғиз ҳарчанд аз рўйи мансубияти забонӣ гуногунанд, вале онҳоро ҳамдилӣ пайванди ҷовидонӣ додааст, зеро ба қавлӣ Мавлоно: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».
Дар даврони шўравӣ ва ҳамчунин дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистону Қирғизистон мардуми ин ду давлати ба ҳам дўсту бародар дар осудагиву пайванди ҳамешагӣ умр ба сар мебурданду мебаранд. Мо тайёрем, ки дар ҳама ҳолат дасти ҳамдигар бигирему по ба по тариқи «роҳ рафтан» омўзем. Нишонаи олии ин ҳамдилӣ дўстии ҷовидонаи устодони бузурги сухан, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ устодон Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов мебошад, ки солҳои дароз идома дошту имрўзҳо низ дар симои сарварони мо ва робитаи ҳасани аҳли қалами ду кишвари дўсту бародар идома дорад.
Аммо, мутаассифона, воқеаҳои чанд рўзи охир сокинони ҳар ду кишварро ба ташвишу изтироб овардааст. Дар марзи Тоҷикистону Ўзбекистон байни ҳамояҳо нофаҳмӣ ба миён омада, сабаби сангандозиву муноқишаи тарафҳо шудааст. Ду бародаре, ки асрҳву солҳо қадам ба қадам ба сўйи ободиву шукуфоӣ раҳ мепаймуданд, имрўзҳо боиси нигаронии мо – сокинони ҳар ду кишвар шудааст. Гумон меравад, ки дар ин муноқиша дасти севум кўмаку «балегўӣ» дорад ва маълум мегардад, ки оромишу осудагии моро намехоҳад, вагарна халқҳое, ки бо шиори «Дўст ояд, гарм дар оғўш гир!» умр ба сар мебурданд, ҳеҷ гоҳ санг сўйи якдигар намеандозанд.
Бемории ҳамагонии КОВИД -19, ки дар бархе аз мамолики дунё то ҳанўз «ҳукм» меронад, собит месозад, ки мо дар парешониву танҳоӣ коре карда наметаонем. Дар ин рўзҳо ва, махсусан, даврони пурошўби садаи ХХ1 аз мардуми шарифи қирғиз даъват ба амал меоварам, ки хираду ақл кор гиранд ва огоҳ бошанд, ки «Тамизи рангу бў бар мо ҳаром аст,- Ки мо парвардаи як навбаҳорем!»
Мўсо Олимҷонов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров