Абармарди халқпарвар
Таърихи куҳани давлатдории ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки танҳо он мамлакатҳое муваффақу комёб ба пешравиҳо мешаванд, ки ба тарбияи насли наврас ояндаи кишвар эътибору таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд, зеро заминаи ояндаро мебояд бо хиштҳои аввалини устувор имрӯзҳо бунёд кард.
Давоми ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар охирҳои моҳи июли соли равон воқеаи фараҳбахш амалӣ гардид, ки боиси рӯҳбаландиву шодкомии ҳамаи қишрҳои соҳибмаърифати ҷомеаи мо мебошад. Ифтитоҳи расмии муассисаи таълимии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ воқеаест, ки тӯли даҳсолаҳо мардуми маҳал дар орзуи он буданд. Ҳатто давлати абарқудрати Шӯравӣ чунин муассисаҳои таълимиро дар ин мавзеъ бунёд накарда буд, чуноне, ки имрӯзҳо қомати волои ин дабистонро мебинем.
Мусаллам аст, ки водии Яғноб макони дилфиреби биҳиштосо ва зисти мардумонест, ки неъматҳои суғдиёни қадимро нигоҳ доштааст. Вале, релйефи мураккаби кӯҳсор, набудани роҳҳоимувофиқ ва дигар мушкилотҳои иқтисодӣ - иҷтимоии маҳал барои рушди минтақа монеъ гаштаанду мардум барои соҳибмаърифатии фарзандон маҷбур буданд, онҳоро барои таҳсил ба мавзеҳои дигар равона намоянд. Лекин, на ҳамаи наврасони маҳал ба ин ҷудоиҳои муваққатӣ ҷуръат мекарданд. Зеро, фасли зимистон равуо хеле маҳдуд мегашт ва қисман таълиму тадриси муҳассилинро душвор мегардонид.
Бунёди биноҳои бисёрошёнаи замонавӣ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои таълимӣ бо техникаю технологияҳои ҳозиразамон ва шароитҳои дигари зарурӣ, хобгоҳи замонавӣ ва ғайра барои наврасони маҳал ҳадяи бебаҳои даврони соҳибистиқлолияти давлатӣ мебошад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30 солагии он насиби мардуми маҳал гардид. Истифодаи масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ, қувваи кории маҳаллӣ, риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва ҷузъҳои дигари бунёд ин иншооти таълимӣ шаҳодати татбиқи босуботи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аст, ки сазовори арзи сипоси беандоза мебошад.
Бо ҳидояту иқдомҳо ва қадамҳои файзбори Пешвои муаззами миллат давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи гӯшаҳои дурдасттарини кишвар ободу зебо гардонида шуда бо тамоми воситаҳои коммуникатсионӣ ва инфрасохторҳои зарурӣ таъмин шуда истодаанд, ки гувоҳии садоқат ба Ватану иродаю матонати қавӣ, маорифпарвару раиятпарвар будани ин абармарди неъматовар мебошад. Истеъдоди баланди дурандешонаю дурбинии Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон имконияти донишандӯзию муҳаққиқии ҷавонону даврони сохибистиқлолро хеле фароҳу ҷавобгӯи меъёрҳои умумиваҳонӣ гардонид ва имрӯзҳо барои насли наврас дар ҳудуди кишвар ҳамаи шароитҳои зарури барои донишомӯзӣ, сайқал додани қобилиятҳо, камолёбии мутахассиси варзида ва ғайра муҳайё мебошад. Танҳо ҷавононро мебояд ҳидояту дастурҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмонро шиори худ намуда суботкорона донишу илмомӯзӣ намоянд, зеро ояндаи давлату миллат аз ҷавонони имрӯза вобаста аст.
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология