Нафрати зиёд ба гузоришу филмҳое, ки чеҳраи мухолифин инъикос меёбад
Зимни тамошои филми «Хиёнат» ба мо ҷавонон бисёр рафторҳои разилона ва хоинонаи ТЭТ ҲНИ дубора ошкор гашт. Ҷорзаниҳои роҳбарони ин гурўҳ, ки аз номи дини ислом сухан мекарданд, аслан на барои рушди ислом, балки барои таъмини даромаду мансаб будааст. Пайравони ин ҳизби мамнуъ барои дар кишвар сар задании ҷанги шаҳрвандӣ, ноором кардани Тоҷикистон ба дасти худ ва амри хоҷагони хориҷияшон кишвари азизу маҳбубамонро ҷангзада ва офатзада карданд.
Тоҷикистонеро, ки обод аст, Тоҷикистонеро, ки қариб 30 сол мешавад, парчами меҳру муҳаббаташ парафшон мебошад. Аммо ҳамон афроди хиёнатпеша ба мисли роҳбарону аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба мисли Кабирӣ, Салимпур, Юнус, Шарофиддин, Муҳаммадиқбол ва дигарон, ки аз худ киссаҳои бофта сохта, ҷавононро ба доми худ кашида номи миллати тоҷикро доғдор месозанд. Ин филм боз як бори дигар моро бедор сохт, ки онҳо кистанд. Нигоштаҳои бардурӯғу қиссаҳои бофтаи хайёлии ин шахсиятҳои дасисабоз, ки дардашон бе даво аст, набояд заррае дар дили мо шак оварда бошад. Мо ҷавонон намегузорем иштибоҳе, ки соли 1992 сар зад, такрор шавад. Тамошои филми «Хиёнат» боз як бори дигар моро бовар кунонид, ки он сенарияи муноқишаҳо, ки дар Тоҷикистон амалӣ гардид, маҳсули фикру ниятҳои муғризонаи коргардонҳои хориҷӣ аст. Коргардони ҷанги таҳмилии бародаркуши Тоҷикистон – кишварҳои абарқудрати минтақа буданд.
Шаҳрзод