​Буҳтонгаронии миллати тоҷик

Мо ҷавонон аз таърих медонем, ки дар замонҳои гуногун бо иллати хоиниву зархаридӣ ва аз паи манфиати шахсиву бо парвариш додани ормонҳои худаз ҷониби баъзе нафарон давлатҳои хурду бузурге аз байн рафтаву халқияту миллатҳои гуногун парешону сарнагун шудаанд. Агарчӣ миллати тоҷик дар масири таърих бузургтарин давлатҳову минтақаҳоро дар иҳотаи худ қарор дошт, вале мутаассифона аз дасти аҷнабиён ва заминагузории нобудии давлат аз ҷониби баъзе сокинони хоину зархарид ва аз паи манфиати шахсӣ уфтода, дар масири таърих ба шикасту рехтҳои бузурге рӯ ба рӯ шудааст.

Ҳамин аст, ки истифодаи нафарони гумроҳ ба манфиати давлативу миллӣ аз ҷониби дигар кишварҳо ва дар замина тира сохтани фазои сиёсии кишвари дигар ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯз низ мухолифини тоҷик дар симои Кабирию Муҳаммадиқбол ва дар доираи барномаҳои манфиатҷуёнаашон бо суистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷомеаи солим латма мезананд. Ин нобакорон барои муайян кардани мавқеи сиёсии хуб бо сарпарастии хоҷаҳои маккор пайваста дар ҷомеа тухми бадӣ мепошанд.

Дар гузориш ва суҳбату барномаҳояшон пайравони Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол ҳамеша ба сиёсати пешрафтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чашби бад нигариста мардуми оддиро бо туҳмату буҳтонҳояшон ба сӯи худ ҷалб менамоянд.

Ба мардуми кишвар муроҷиат мекунем, ки ба дасисаҳои ин нохалафон бовар накунанд ва пайрави намудан бо ин тоифа зиндагии равшан торик мегардад.

Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ