Заҳри мор беҳ аз садои маккор!?
Рӯзҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ дар хонаи худ мезистаму якҷоя бо ҳамсоягон хавотиру парешон аз он будем, ки чӣ рӯзи наве ба диёрамон таҳдид дорад. Ҳамарӯза дартакопӯидарёфти хӯрока, бештар нон сарсону саргардон будему давоми хӯрокхӯриву сӯҳбатҳо доимо таъкид мекардем, ки бузришони наҳзатӣ бо сарварии Тӯраҷонзодаю Ҳимматзода бо талаби мансаб Тоҷикистонро ба нооромӣ овардаанд. Ҳамаи лаҳзаҳо омода будем, ки ба даст аслиҳа гирему бар зидди наҳзатиёни нобакор мубориза барем. Хушбахтона, бо шарофати ҳукумати қонунӣ дар кишвар вазъ орому мӯътадил гашта бошад ҳам, нафрати мардум ба наҳзатиён бештар мегашт.
Ҳамон давраҳо Муҳиддин Кабирӣ чоплуси роҳбарони ифротгаро буду ҳаммаслакони имрӯзааш бехабар аз он рӯзҳои мудҳишанд. Агар, онҳо рӯзҳои пурталотуму пурошӯби он замонаро медиданду дар замирашон заррае меҳри Ватан – Модар мавҷуд бошад, ба ҳарзаҳои Кабирӣ эҳтимол фирефта намешуданд. Вале, бо роҳбарии ин маккориавомфиреб чун лӯхтаки тӯтишакл аз хориҷи кишвар нисбати Тоҷикистони маҳбубамон имрӯзҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасосро ба худ раво мебинанд. Эҳтимол меравад, ки Кабирӣ ва думравони ӯро мори афъӣ газидаасту организмашон заҳролуд шудааст ва ғайр аз алами душманӣ дар танашон дигар хислати инсонӣ намондааст. Моргазидаро мебояд сӯзанзандоре кард, ки заҳр аз танаш берун шавад. Аммо, Кабирии моргазида, чун ақрабзаҳрпошироба худ касб кардааст. Ҳамаи палидию разили ва нобакории онҳо ба он мақсад аст, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ Тоҷикистонро нооромуҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Мақсади ниҳони ниҳоии онон ҷамъоварии сарват асту боқимондаи корашон танҳо фурӯши Ватан ба ашхоси хориҷӣ мебошад. Мансабхоҳии наҳзатиён то ба дараҷае расидааст, ки ба Ватани аҷдодии хеш хиёнат мекунанд маккорупалидбудани худро ба ҷаҳониён намоиш медиҳанд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукрона аз фазои орому осудаи кишвар дар пайи меҳнати шоистаанд. Рафтору гуфтори кирдорони разилони рӯбоҳи асл – Кабириро воқеан дарк кардаанд ва омодаанд, ки аз оқибати носолими хоинӣ ва ватанфурӯшии наҳзатиён ҷаҳониёнро огоҳ созанду ба онҳо дастаҷамъона зиддият нишон диҳанд.
Ҳеҷ гоҳ хоинони ватанфурӯшро насиб намедиҳад, ки оромии Тоҷикистонро халалдор созанд. Танҳо чун магаси хунмак аз хоҷагонашон маблағ мемаканду овози нофорами ҳарзагӯяшон гӯши мардуми созандаи тоҷикро мехарошад.
Илоҳо, хоинонро ҷазо заҳри мор бошаду маккории бӯқаламун боиси шармандагии онҳо дар байни оламиён гардад. Ононе, ки қадри Ватан надонанд мисли Кабириву ҳаммаслаконаш ватангадову зор ба хоки Ватан сарсони ҳарду олам бошанд.
Собиров М.С. – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент.