Изҳорот: Хиёнаткорон
Иғво ва фитна андохтан байни мардум ҳаргиз инсонро ба мақсад намерасонад ва дини ислом ҳам, пеш аз ҳама,ваҳдату меҳрубониву якдигарфаҳмиро эътироф менамояд. Дар ҳар ҳодиса ва воқеа ҳатман ду ҷиҳати фаҳмиш ҳаст, ин ки тарафи хуб ва бад, ё манфиатбахш ва зиёновар.Барои ҳамин набояд масъалаеро якҷиҳата фаҳмид.
Имрӯза сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб ва беасос нест. Ҳодисаҳои нохубу дилгиркунандае, ки солҳои охир дар арсаи ҷаҳонӣ ва баъзан қаламрави Тоҷикистони азизамон ба вуқӯъ омад, ба туфайлигумроҳиҳои маҳз бо тоифаи махсуси одамон рӯх дод ва рух дода истодааст.
Бахусус, дар филмиХиёнат мазкур, ки таърихи начандон дури хиёнаткориҳо ва нопокиҳои ҳизби мамнӯи террористӣ, роҳбари кӯрнамаки он Кабирӣ ва думравону нохалафоне, ки имрӯз ватангадо ҳастанд кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ, аз суханони шоҳидони амалҳои террористии соли 2015 бо сарварии генерали хоин Назарзода намоиш дода шуда, маҳкум гардид.Кабирӣ ва ҳаммаслакони у мисли ҳамон рубоҳи нокоманд, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба кишвари Аврупо фирор намуданд.
Ин ноогоҳиҳо ва нофаҳмиҳо боиси нороҳативу ноосудагии ҷомеа гашта истодааст. Онҳо моҳияти аслии дини исломро нафаҳмида ба зоҳирпарастиву худпарастӣ пардохтаанд, бехабар аз он, ки дар дини ислом муҳим ботин аст. Дили софу беолоиш, иттифоқ, дилеро таскин бахшидан, ободкорӣ, дасти мадад ҳамеша дароз кардан ва муҳимтар аз ҳама сулҳу ваҳдатро дар байни мардум ҷорӣ кардан ва онро ҳифз намудан аст.
Аз ин рӯ, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баъзе ашхос ба мақсадҳои баду худбинонаи худ ташвиқ карданашон ноинсофӣ аст. Дар ин масъала низмоҳияти аслии масъаларобояд дид ва мувофиқи он хулосабарорӣ кард.
М. Неъматова-дотсент