Изҳорот: МАҚСАДАТ БАР БОД ХОҲАД РАФТ, КАБИРӢ!
Муроҷиатномаи донишмандони тоҷикро вақте хондам ба хулосае омадам, ки моро имрӯз зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд шукрона кунем, ки дар давлати тинҷу осуда, ором умр ба сар мебарему хандаву гиряи кудаконро мешунавем.
Боиси тазаккур аст, ки мардуми мо-мардуми тоҷик аз азал мардуми қавиирода, ватандӯсту сулҳпарвар буданд ва мо итминони комил дорем, ки ҷавонони имрӯза низ пайрави гузаштагони худ шуда, доимо барои гул-гулшукуфии ватани азизи хеш мекӯшанд.
Миллати тоҷики тоҷдори мо аз асл мардуми поксиришт, хайрхоҳ, хоксору ҳамдигарфаҳм буданд ва ҳастанд. Аммо боиси таассуф ва нигаронист, ки бо вуҷуди миллати банангу ор будан, байни миллат нафароне пайдо мешаванд, ки фирефтаи бойгарӣ гардида, то ҳатто барояшон оилаи худ, модару ҳамсару фарзандони худ ягон заррае арзише надоранд ва чунин ашхосонро “Хоини миллат” меноманд, ки онҳоро бадбахтарин шахс гуфтан ҳам, хато нест. Яке аз чунин “шахс”-и бадбахт, ватанфурӯш, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад. Зарбулмасале ба ёдам расид, ки:“Аз як палак чанд ҳандалак” ва ҳамон ҳандалаки рангногирифта ва пӯсидае, ки хафви пӯсонидани дигар ҳандалакҳоро дорад, Кабирӣ буда, бояд онро канд, то ба дигарон зараре нарасад.
Муҳиддин Кабирӣ дар дасти хоҷагони хориҷиаш мисли бозичае аст ва бо фармону дастурҳои онҳо имрӯз мехоҳад ватани азизу ороми моро ба нооромиву сарсониҳо оварда расонад, ки ин ҳадафаш ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.
Боис ба нигаронист, ки Кабирии хоин тавонист, бархе аз ҷавонони дур аз таълиму тарбия монда, шахсони тафаккуру назари паст доранд, гумроҳ кунад ва ба доми худ барад. Имрӯз бошад, бо айби Кабириву дигар ҳаммаслаконаш ҷавонони гумроҳу дур аз ҳаёти осоишта дар паси панҷараҳо нишаста ёди фарзанду модар мекунанд, ки бисёр дилгиркунанда аст, аммо суде надорад.
Мо аҳли омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву сулҳпарварӣ тарбия намуда, онҳоро аз роҳҳои бад эмин нигоҳ дорем ва тухми кинае, ки мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мекоранд бояд решакан карда шавад.
Имрӯзҳо мо шукри онро мекунем, ки ватани орому осуда, соҳибистиқлол дорем ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар порчаи ватани азизи мо ободу зебо гашта истодааст.
Алиева Мунзифахон Насимовна,
сармуаллимаи кафедраи
технология ва методикаи таълимии он, МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”