​Чеҳраи ифротгароёнаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ

Солҳои охир дар расонаҳои хабарии олам ва матбуоти ҷаҳонӣ амалҳои даҳшатбори террористию экстремистиро ба дини муқаддаси ислом шабоҳад медиҳанд. Кӯшишҳое қувваҳои иртиҷои барои муқобил гузоштани тамаддуни насронӣ бо тамаддуни мусулмонӣ мушоҳида мешавад, ки ин хеле хатарнок аст. Чунин сиёсат, дур аз ҳақиқати динӣ, сулҳпарвари исломро дар назари мардуми олам чун амали паҳнкунандаи терроризму экстремизм нишон дода, ҳисси бадбиниву адоватро нисбат ба мумулмонон ба вуҷуд меоварад.

Аммо агар ба таърих назар афканем, пас мебинем, ки дар ҳамаи давру замонҳо ашхосе буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дин истифода менамуданд ва дар зери пардаи дин ниҳон шуда ба амалҳои террористӣ даст мезаданд. СаркардагониТЭТ ҲНИдар бисёр ҳолатҳо истифода аз мавқею мартабаи худ, одамони зиёдро ба доми худ кашида, онҳоро низ гумроҳ намуданд. Ҳол он ки дини мубини ислом аз давраи аввали пайдоишаш барои муттаҳидӣ, ваҳдат кӯшиш намуда, зидди ҳама гуна зӯроварӣ, ифротгароӣ ва куштори одамони бегуноҳу бечора баромад менамояд. Дар ин ҷо як байти машҳурӣ Муҳаммад Иқболро ёдрас кардан мумкин аст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Ҳамаи он ташкилотҳо, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, мисли ҲНИ, Давлати ба ном исломӣ (ИГИЛ) Ҳаркати толибон, ҳизби таҳрир, Салафия ва ғайра афзои сиёсии ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогонаро вайрон намуда, мардуми оддии мусулмонро, ки мехоҳанд осудаҳолона зиндагӣ намуда, арзишҳоидинию суннатии худро ба ҷо оранд, ба азобу шиканҷаҳо бархӯрдор гарданд. Мутассифона дар солҳои муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам нерӯҳои мухолифи Ҳукумат ислом ва институтҳои диниро ба муқобили Ҳукумат истифода намуданд. Боиси зикр аст, ки чунин қувваҳои ифротгар, ки мехоҳанд ваҳдати миллии тоҷиконро вайрон намоянд, чӣ дар хориҷи кишвар ва чӣ дар дохил амал менамоняд. Дар чунин шароит ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамаи қишрҳои аҳолӣ махсусан ҷавонон моҳияти асли исломро дуруст дарк намуда, дар зери сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гарданд. Нагузорем, ки омилҳои паҳнкунандаи терроризму экстремизм паҳн гардаду ҳисси бадбинию адоватро дар байни мусулмонон пайдо гардад.

Ҷаббор Зарафшонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ