Шавкати Муҳаммад - бузи 24

Шавкати Муҳаммад маъруф бо ном Шавкати Аштӣ яке аз фаъолони ташкилоти экстремистии “Гуруҳи 24” буда, дар шабакаҳои интернетӣ дар барномаҳои “Дидгоҳ”, “Паём.нет” муҷрии барнома мебошад. Шавкати Муҳаммад низ ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳар роҳу усул кушиш менамояд бо факту далелҳои беасоси худ исбот намояд, ки Ҳукумати имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати бадхоҳонаро нисбати мардуми кишвараш бурда истодааст. Бо максади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дар барномаҳои омоданамудааш чунон вонамуд мекунад, ки гуё ҳақ бар ҷониби уст. Гуё дилаш ба мардуми тоҷик месузад. Лекин мардуми тоҷик кайҳо пай бурдаанд, ки мақсаду мароми ин гуна ашхосон танҳо як чиз асту халос, ин ҳам бошад ноором сохтани ҷомеа ва бад-ин васила аз байн бурдани сохти конститутсионии Ҷумуҳурии Тоҷикистон. Агар Шавкати Муҳаммад ва ҳаммаслаконаш ҷонибдори пешравиву гул-гулшукуфии кишвар мебуданд ба ин гуна иғвоҳову буҳтонҳои беасос даст назада, барои боз ҳам пешравии кишвар бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлу ба паҳлу истода меҳнати софдилона мекарданд. Ӯ бошадбарои ба даст овардани маблағи бо гуфти мардум “бе дарди миён” монанди саг аз хориҷи кишвар истода аккос мезанад ва фармудаву супоришҳои хоҷагонашро иҷро менамояд.

Имрузҳо бо саъю кушиши КДАМ исбот шудааст, ки ҳамаи ин нафарон фурухташудагони маблағгузорони хориҷии худ гардидаанд ва исботи он филми мустанади “Хиёнат” мебошад. Дар ҳақиқат ин филм чеҳраи аслии ин хиёнаткорони миллатро нишон дод ва бори дигар исбот гардид, ки ҳамаи онҳо хиёнаткорони халқу миллатанд.

Мардумикишвар имруз ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат эътимоди комил доранд ва бо меҳнати софдилона барои гул-гулшукуфии ватани маҳбуб саҳм мегузоранд.

Ибодулло Расулбердиев - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ