Мардумфиребӣ ва қаллобии маҳз аст, на иштибоҳ
Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати таърих ба халқи тоҷик аст. Онро метавон ду боли як иқбол номид. Зеро Истиқлолият ба мо озоди оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои гузоштани қадамҳои устувор дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард.
Мардуми соҳибдавлату фарҳангии тоҷик тавонист бо кушиш ва ҷонисориҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳрони сиёсӣ роҳоӣ ёбанд ва имрӯз дар фазои сулҳу субот дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, махсусан дар тадбиқи ҳадафҳои олии рушди стратегии кишвар камари ҳиммат мебанданд.
Чуноне ки мо медонем намояндагони ҳизби Наҳзати Ислом барои ноором кардани ҷамъият бо ҳар дасисаҳои худ ҷамъиятро ноором кардан мехоҳанд. Мутаасифона саду садоҳо дар мавриди боздошти Иззат Амон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн гаштааст. Маҳз рафтори Иззат Амон қаллобӣ, фиреб, найрангбозӣ, бетарбиятӣ, бемаданиятӣ, дуздиву мардумфиребӣ буд ки бо ин хислатҳои номатлубаш Иззат Амонро мақомотҳои дахлдори ФР шаҳодатномаи шаҳрвандии вайро бекор карда нисбати вай парвандаи ҷиноӣкушода буд. Инчунин дар асоси моддаи 247 қисми 4-и кодекси ҷиноятӣ ҶТ нисбати Иззат Амон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, ки дар ҷустуҷӯи расми қарор дорад. Дар асоси далелҳои мушаххас Иззат Амон бо роҳи фиребу найранг бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнати аз даҳҳо нафар муҳоҷир маблағҳои калон гирифтааст вале кори онҳоро ҳал накарда ба яғмо бурдааст. Иззат Амон таи 20 сол аст, ки шаҳрванди Русия асту ба мардумфиреби машғул аст вай суйистифода аз мансаб ба боварии муҳоҷирон даромада бо ҳар роҳ онҳоро фиреб додааст. Қайд кардан лозим аст, ки қонун барои ҳама якхела аст амалҳои вай ғайриқонунист бояд вай ҷазояшро гирад, бояд ин гуна одамон аз ҷамъият решакан карда шаванд. Ва якчанд муҳоҷирони тоҷик фиребгар ва қаллобии Иззат Амонро изҳор кардаанд. Чи ваҳшият чи беадолати аст,ки муҳочирро фиреб диҳад. РафториИзат Амон нисбати муҳоҷирон ғайри инсонист.
Мо омӯзгорон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба боздошти Иззат Амон бохабар гаштем ва қайд карданием, ки Иззат Амон дар назди қонун ҷавоб диҳад ва он хислатҳои номатлубаш, ки дар ҷомеаи Русия шарманда шуд ва ҳамчун депорт ба Тоҷикистон фиристода шуд ва дар асоси қонунҳои амалкунанда нисбати мардумфиребӣ ва қаллобӣ ҷавоб диҳад. Бояд ҷамиятро аз ин гуна инсонҳо тоза кунем.
Ҳошимов Ш.