​Изҳорот: Муҳиддин Кабирӣ асосгузори терроризми муосир

Терроризм силоҳи пурқувватест, ки дар мубориза бар зидди давлат истифода мешавад. Терроризми муосир ҷанбаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Истилоҳи терроризмбарои ифодаи анљомиамалҳои террор ё даҳшатафкани дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифодамешавад. Оқибатҳои вазнинтарини терроризм зери хатар мондани ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Дард, ғаму андўҳ, бехонаву дар ва пушту паноҳ мондани мардуми заҳматкаш – ин ҳамаро танҳо бо сухан ифода намудан ғайриимкон аст.

Имрўз ҲНИбарои тамоми минтақаи Ҷумҳурии Тољикистон ба хатари љиддӣтабдил ёфта, ақидаҳои ифротгароён аз сатҳи тафаккур ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд гузашта истодаанд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Дар роҳи сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар касб намудани терроризм ва экстремизми динӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин паҳлўи масъала моро барои нигоҳ доштани ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллӣ водор месозад ва ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр намоем.Сулҳу субот ва оромии мардуми тоҷик ва кишвари азизамон Тоҷикистонро муқаддас дорем!

БАҲОРИ ШАҲРЗОД

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ