​Изҳорот: Иззат Амон садақахӯри муҳоҷирон

Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ним аср сипарӣ гардид. Аммо дар ин давраи на чандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист баъзе «сиёсатмадор»-ҳоеро ба мисли Иззат Амон, Муҳиддин Кабирӣ, Шарофмиддин Гадоев ва дигаронро кашф намуда, рӯйи кор орад, ки шояд дар дигар кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳое даъвои сиёсату сиёсатбозӣ карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти на чандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд, давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад.

Яке аз чунин нафарони худхоҳу мағрур ва шефтаи молу мулк, давлату сарват Иззат Амон мебошад. Номбурда чанд сол пеш хост, ки бо ташкили ҳизбаш дар кишвар мардумро бифиребаду аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш барад. Вале кораш омад накарду натавонист ҳизби худро дар Вазорати адлия номнавис намояд. Пас аз ин ризқашро аз кисаи муҳоҷири бечораи сарсони тоҷик ёфтанӣ шуд ва бо ҳамин ният ҷониби Федератсияи Россия роҳ пеш гирифт. Алҳол он ҷо бо ташкили Иттиҳоди ҷавонони тоҷик чанд ҳамватани худро фиреб дода, зиндагиашро пеш бурда истодааст. Акнун чандест, ки ба Тоҷикистон омадаасту худро ҳамаҷониба таблиғ менамояд.

Вақтҳои охир оид ба фаъолияти Иззат Амон дар расонаҳои кишвар ва хориҷ сару садоҳои зиёд рӯи кор омад. Иззат Амон дар суҳбатҳои видиоии худ мунтазам аз фаъолияти хайрхоҳонаи худ ба муҳоҷирон маълумот медиҳад. Аммо маълум шуд, ки барои фиристодани мурдаҳо аз муҳоҷирон маблағҳои зиёдро ҷамъоварӣ менамудааст. Як муҳоҷири меҳнатӣ аз шаҳри Москва нахост номашро ифшо шавад дар мусоҳибаи онлайни таъкид кард, ки барои фиристодани ҷасад (гроб) ба Тоҷикистон манбағи зиёдро талаб намуд.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ