Аввал андеша баъд гуфтор мебояд дошт!!!

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чанд вақт мешавад, ки муноқишаҳову нофаҳмиҳо сар мезананд. Сабаби ин баҳсу мунозираҳо муайян набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни ин ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мегардад. Воқеаву ҳодисоти хунини охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли ҷорӣ, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст боиси нигаронии ҷиддии ҷонибҳо гашт.

Тазаккур менамоем, ки барои аломатгузорӣ ва мушаххас намудани марзи давлатӣ Душанбеву Бишкек аз соли 2002-юм инҷониб чораҷӯӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр сарҳад доранд, ки то ҳол танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои марзӣ аз ду ҷониб комиссияҳои махсуси ҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро бо тариқи гуфтушунид ва музокирот ҳаллу фасл намоянд.

Ҳангоме ки тарафҳо дар паси мизи гуфтушунид нишастаанд як муаррихи қирғиз – Қиёс Муллоқосимов дар як мусоҳибааш иддао кардааст, ки гӯё чоряки қаламрави кунунии сарзамини Тоҷикистон аз они қирғизҳо будааст. Ин чи гуна иддаост? Ин чӣ гуна муаррих ё ба ном профессор аст, ки таърихи гузаштаи худашро намедонад? Бо кадом андешаи хом ё беасос имрӯз даъвои марзу буми давлати соҳибистиқлол карда истодааст? Оё ӯ дар бораи пайдоиши давлати худаш, ё пайдоиши худи мафҳуми калимаи “қирғиз” маълумот дорад? Бо ин ақидаву андешаи иғвобарангезаш ӯ “оташ”и байни тоҷикону қирғизҳоро аланга мегиронад. Ба андешаам ин “профессор” ақли солим надорад ё бар ивази пайсаву пул ба ягон гурӯҳи манфиатхоҳ хидмат карда истодааст. Аввал андеша баъд гуфтор мебояд дошт!!!

Ин профессор ё худ ҷониби Бишкекро зарур аст, ки моҳияти суханҳои бузурги Хоҷа Ҳофизро дуруст дарк намояд ва дигар ба амалкардҳои тахрибкоронаи баъзе аз аҳолии хеш воқеъбинона назар намояд, зеро кина, адоват вахусумат оқибати хуб надорад:

Дарахтӣ дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Тоҷикон чун миллати куҳанбунёду тамаддунофар ҳанўз дар қарни нўҳ ва даҳ соҳиби давлатдории худ гашта буданд ва яке аз давлати пуриқтидор бо ном Сомониёнро бунёд карданд. Давлати тоҷикон - Сомониён дар асри даҳ ба авҷи тараққиёти худ расида, чун давлати тоҷикони тамаддунсоз дар таърих шўҳратёр гаштааст. Боиси таассуф аст, ки бо иллатҳои мухталиф чунин давлати мутамарказ аз ҷониби қувваҳои бодиянишин ва кўчманчӣ аз байн бурда шуд ва тоҷикон давлат сохтанд, аммо давлатдориро каме баъд муддати тўлонӣ аз даст доданд. Ватан ва сарзамини аҷдодии мо аз асри 10 то ба соҳибистиқлолӣ (9-уми сентябри соли 1991) расидан ба дасти Маҳмуди Ғазнавиву Насри Илекхон, Чингизу Темури Ланг, Шайбонихону Ҷониён ва Манғитҳои манфур афтид. Ҳатто тоҷикон дар вақти тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 20-30-юми қарни гузашта аз баъзе сарзамини тоҷикнишини тоҷикон бо таъсири идеологияи пантуркистӣ ва иштибоҳи бузурги лӯхтакроҳбарони он давра маҳрум монданд. Аммо ин хатогии таърихиро набояд такрор сохт. Миллати тоҷик дар ҳар давру замон Ватан-Модар, забону фарҳанг, оину анъана, илму адабиёт ва дину диёнати хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намудаанд ва ин гуна арзишҳоро доимо дар ҳар як марҳилаи таърихӣ аз насл ба насл мерос гузошта, пос доштаанд ва хоҳанд дошт.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ