Ҷоизаи “Хоин №1” ба Кабирӣ

Барои корҳои баду ифлос ватанфурӯшиву бадкирдории беҳамто мардуми тоҷикякдилона ба Муҳиддин Кабирӣ ҷоизаи“Хоини №1”-росазовор донистанд. Ин ҷоиза аввалин маротиба буда гирандаи он сазовори ин ҷоиза аст. Минбаъд ин ҷоиза ба касоне, ки мисли Муҳиддин Кабирӣ мешаванд чунин ҷоиза вайро интизор аст. Туҳфааш лаънати мардуму гирифтори балову бад мебошад, ин туҳфа аз ҷониби мардуми тоҷик ба вай дода мешавад. Имруз он дасисабозии хоинони миллат, ки нисбати халки мо мекунанд хеч гох ба максади нопоки худ намерасанд. Бехуда бузургон фармудаанд:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, ҳеҷ,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардум аст.

Ин гуфтаҳоро мо камтар тағйир дода гуфтанием:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, ҳеҷ,

Зеро, ки ҳақиқат тоҷи сари мардум аст.

Аз қадимуллайём мо бо гуфтаҳои бузргонамон “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” амал мекунем ва чунин тарбия гирифтаем.

Дар яке аз суханрониашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи як хатари нав — кибертерроризм низ ибрози андеша намуданд. Ҳоло наҳзатиҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Имрӯзҳо, ин хатар ҳамаи ҷаҳонро иҳота кардаасту мардум ба таҳлука афтодаанд. Бояд гкфт, ки кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.

Худо кунад, ки он аз Тоҷикистони мо дур гардадудар хоби шабамонҳам онро набинем ва кудаконамон дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранду чун насли солим ба воя расанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ