​Муҳиддин Кабирӣ –хоини миллат

Муҳиддин Кабирӣ таи чанд сол аст,ки мардуми шарифи Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва обрўи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемазмунаш дар тамоми дунё паст задан мехоҳад.Чунин кассе,ки Ватану миллати худро мефурўшад ва чуни хиёнаткорро на Ватан на ҷомеа намебахшад.Аслан ин хоинию дасисабозии ин шахси манфур,ки нисбати халқи мо мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопокаш нахоҳад расид.Ин палиди нокас аз Ватане,ки ўро ба воя расониду нони намаки ин кишварро хўрдааст аз Ватан берун шуда аз дурр истода дар Аврупо,ки зиндагии муҳоҷирона дорад ва аз он ҷо истода нисбати кишвари мо носипосӣ мекунад. Бояд зикр кард,ки ҳар сол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар давлатҳо сафар мекунанд.Ва наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Аз таҳлилҳо дидан мумкин аст,ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд,ки на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ балки аз донишҳои динӣ тасаввуроте надоранд. Ин душмани дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда тавассути ҲНИ мехоҳад дар кишвар вазъи нооромсохта ба ниятҳои нопоки худ рассад. Аслан сабабгори ҳамаи ин бесарусомониҳо ҲНИ аст, ки имрўз мехоҳанд силоҳи сипаригаштаи хунрезӣ хароб гардонанд.Бо боварии комил дорем, ки ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд ба мақсади нопокашон нахоҳанд расид, зеро ки аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз рўз аз рўз тинҷу ором ва обод гашта истодааст. Имрўз бо дастгирии пешвои миллат Тоҷикистон ба кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор дорад,ки ҷаҳонишавӣ ҳокими таҳаввулоти саёра мубаддал гардидааст.Бо кўшишу талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистондар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи СММ, ИттиҳодиДавлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти дастҷамъи Созмони Ҳамкории Шанхай, Машварати Ҳамкорӣ ва Эътимод дар Осиё ва ғайра ширкати фаъолона дорад. Ва мо имрўз бояд ифтихор кунем, чунин сарвари кордон дорем маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ мо дар давлати орому осуда зиндагӣ дорем. Маҳ бо шарофати дастгирии Пешвои миллат ва бо шарофати Истиқлолият Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрўю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Миллали Мутаҳҳид сар карда узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст,ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст. Бо ифтихор метавон гуфт,ки дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлатӣ воқеан соҳибистиқлол, демократӣ,дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқўъ пайваста самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат,бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудааст. Бояд зикр намуд, имрўз ба Ватани маҳбуби моро ягон нафар халалдор карда наметавонад ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад.

Абдуҷабборова Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ