​Қазияи Ворух-тақозои ҳаммаромии ду кишвар

Имрўзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан пас аз баромади намояндаи амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон сару садоҳои гуногун дар

қазияи Ворух пайдо шуда, ақидаҳои гуногуну носозгор ва хусусияти сўзандадошта паҳн мегарданд.

Фақат сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 09.04.2021 ба шаҳри Исфара ва деҳаҳои он тавонист, каме ин сару садоҳоро ором созанд.

Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масъалаҳои мубрам дар байни ин ду кишвари ҳамҷивор боқӣ мондааст. Аслан байни миллатҳои тоҷику қирғиз махсусан дар ноҳияи Исфара ҳамеша дўстиву рафоқат вуҷуд дорад.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид доштанд: «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст… Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд».

Маҳз тезтағйирёбии сарони ин кишвар ва боқӣ мондани проблемаҳои сиёсиву иҷтимоии байнидавлатӣ боиси ҳал нагардидани масъалаҳои сарҳадӣ гардидаанд.

Махсусан сару садоҳои «фидоиёни ватан» аз кишварҳои аврупоӣ хеле зиёд шудаанду қазияи сарҳади байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мехоҳанд бо ҳар навъе ба мардуми ин ду кишвар бор карда ба низоъ бикашиданд ва ба манфиати хеш ҳал намоянд.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Абдулатипов У.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ