Сарзамини аҷдодиро ҳифз мекунем
Имрӯзҳо аз сабаби то кунун аломатгузорӣ нашудани баъзе маҳалҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои ин ду давлати ҳамсоя дар сатҳи начандон хуб қарор доранд. Қисми сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон айни замон ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил ёфтаааст. Вазъияти ба амаломада хеле нигаронкунанда буда, метавонад муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро боз ҳам шиддатнок намояд. Бояд таъкид намуд, ки барои ҳалли проблемаи ба миёномада тамоми чораҳои зарурӣ аз ҷониби ду тараф андешида шуда истодаанд. Аммо, мутаассифона, то кунун масъалаи аломатгузории минтақаҳои баҳснок ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли низои бавуҷудомада, ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд. Дертар дар расонаҳои хабарӣ маълумоте паҳн шуд, ки ҷониби кишвари ҳамсоя ҳангоми баргузор шудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ду шарт пешниҳод намудааст, ки ба манфиатҳои давлату миллати мо тамоман ҷавобгӯ нест. Якум, Ворухро расман анклав эълон мекунанд ва cипас ҷониби Қирғизистон роҳро ба Тоҷикистон танҳо барои мардуми маҳаллии ин мавзеъ барои рафту омад боз мекунад. Дуюм, иваз намудани Ворух ба ҳудуде аз вилояти Бодканди Қирғизистон.
Бояд зикр намуд, ки пешниҳоди ҷониби Қирғизистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ нишон медиҳад, ки онҳо барои зудтар ҳал намдани проблемаи ба вуҷудомада омода нестанд. Мо ҷонибдори бо роҳи гуфтушунид ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатиамон ҳал намудани проблемаи сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳастем. Шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи муносибатҳояшро бо ҷаҳони хориҷӣ, аз ҷумла, бо кишварҳои ҳамсоя самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ қарор дода, ҷиҳати расидан ба он чораҳои саривақтӣ андешидааст.
Имруз, хушбахтона, Тоҷикистон қодир аст, ки манфиатҳои худро вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, амнияти шаҳрвандон ҳимоя кунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як кишваре, ки таҳдид ба якпорчагии ҳудуди мамлакати мо мекунад, ба муқобилияти шадиди ҳар як сокини бонангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд ва аҷдодиамон дучор мешавад. Қирғизистон низ бояд манфиатҳои моро эҳтиром кунад ва барои ҳалли масъала роҳи гуфтушунидро пеш гирад, на ин ки қувваи артиши худро намоиш диҳад. Тоҷикистон ҳам артиш дорад, ки омода аст амнияту якпорчагии мамлакатро ҳифз кунад.
Камолиддини Раҷабзод!