То ба кай ғавғогарӣ!

Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрўз ба кишвари амну субот, сулҳу дӯстӣ ва ба як сарзамини гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Ҳидоятҳо ва сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз кулли кишварҳои ҷаҳон эътироф, эҳтиром ва ба расмият мешиносанд. Маҳз абармарди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки оташи “ҷанги бародаркуш” ва “таҳмили” - ро хомӯш намояд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созад.

Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонабеҳтарин анъанаю суннатҳои ҳукуматдории гузаштаи аҷдодони тоҷикро идома дода, бунёди давлати озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро ҳадафи аслии сиёсати хирадмандонаи худ қарор додаанд, дар байни 200 зиёд давлати ҷаҳон муарифи кардаанд. Хусусан бар асоси чунин асолат пояҳои давлат мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва манзалату нуфузро дар сафи дигар кишварҳо пайдо намуд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём то имрӯз ҳамеша ҷонибдори пайвандии дӯстона байни робитаҳои хориҷиву дохилӣ буд ва ҳоло ҳамчунин аст. Зеро ниёгони мо аз замонҳои қадим ба кишварҳои ҳамсоя эҳтироми бузурги худро мегузоштанд ва истиқлолияти онҳоро ба расмият мешунохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардоштанд ва даст ба мухолиф, ғорат, тороҷи мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархӯрди сулҳҷӯёнаву мададхоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсони тоҷикони бузургии ориёи ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамватанон буд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ дар гузаштаи таърихӣ ба заминҳои бегонагон чашм ало накарданд ва бо ҳамсоягон аз рӯи фарҳанги баланди хеш муносибат намуда, ҳатто заминҳои худро барои истифодаи дигарон додаанд, ки дар чунин хислати мардуми мо шакке нест. Аммо, ҳоло бошад баъзе ҳамсоягон ба қавли матали мардум «дастатро диҳӣ аз оринҷат мекашанд» ба заминҳои таърихии тоҷикон даъво намуда, талаби сарзаминони аҷдодони тоҷикро карда истодаанд. Мисоли равшан як профессори қирғиз иддао кардааст, ки чоряки қаламрави кунунии Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо ташкил медиҳанд. профессор Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов), журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” (“Мерос”), як бунёди марбут ба идораи президенти Қирғизистон, дар мусоҳибааш бо нашрияи Koom Press нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро сарзамини қирғизҳо номидааст. Дар ин замина таъкид , бояд кард, ки ҳама гуна низоъ ва мушкилоти ҷомеаро бояд бо роҳи дипломатӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кард, зеро ҷанҷол, муноқиша ва задухўрд роҳи ҳал набуда, паҳн кардани маҳлумотҳои пучу савсата вазияти оромшударо боз ноором мегурдонад. Зероҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда ва ба манфиати ҳар ду ҷониб кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомади наздик доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо дар канор намегузорад ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.

Ҷӯраев Манучеҳр. муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ