Фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷик
Дар саҳфаҳои таърих, аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки борҳо аз тарафи истилогарони аҷнабӣ ранҷу озор дидааст, вале ҳаргиз ба рисолати миллии худ хиёнат накардааст, сабақҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бармеояд. Тоҷиконро ба ин чиз қабл аз ҳама мероси ғании маънавӣ, фарҳанг, муттасилии анъанаҳо ҳидоят менамояд. Онҳо ҳаргиз шаъну шараф ва ифтихори миллии худро доғдор накардаанд. Маълуми ҳамагон аст, ки он замоне ки ҳаракати Толибон қисми бештари Афғонистон таҳти тасарруфи худ даровардааст, бархе аз бошандагони ноҳияҳои тасарруфгардида, макони осоиштаро интихоб намудаанду сарҳадро убур намуда, ба кишвари мо фирор кардаанд. Аз ҷумла, АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, ки 13 июли соли 2021, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосансокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкуранд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убурнамуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Онҳо ҳатто чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.
Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд! Тоҷикон бо Сарварии Пешвои сулҳофарини худ дигар бора аз хайрхоҳиву инсондӯстӣ, фарҳанги волои миллии тоҷикон дарак додаанду қарзи ҳамсоягии худро адо намудаанд. Тоҷикон фаромӯш нахоҳанд кард, зеро замоне, ки дар мулки тоҷик ҷанги таҳмилии бародаркуш аланга дошт, тоҷикон ҳам гуреза шуда буд, дар давлати ҳамсоя паноҳ бурда буду имрӯз бошад, марзбонони тоҷик бо роҳбарии Садри муаззамии худ оғӯши худро ба гурезагони иҷбории қирғизтабори афғон во кардааст.
Дар ҳоле, ки қирғизу қирғизистонӣ дар дигар самти марзӣ муноқишаҳои бесарусомонеро нисбати тоҷикон раво дидаву ҳатто ба низоъи сарҳадии анҷоми моҳи апрелу ибтидои моҳи май тоҷиконро гунаҳкор медонанду ба арсаи олам овоз баланд доранд, ки тоҷикон бо мо ҷанг намуданд. Бидонед, ҳамсоягон мо танҳо марзамонро ҳимоя намудему ҳаргиз нияти ҷангӣ надоштем! Ин шумо ба ҷангу низоъ омодагии ҷиддӣ дидаеду ҳамаи маълумотҳои дар сомонаҳо гувоҳи ин воқеа ҳаст! Ин қадар овоз баланд накунед, ки мо ҳеҷ гоҳ мағлуб нагардидаему марзи худро ҳимоя карда МЕТАВОНЕМ!
Шарифзода М.