Неши ақраб – муқтазои ӯст

Агар ба мазмуну мӯҳтавои кулли суханрониҳои матбуотию расонавии роҳбари ташкилоти террористии “Паймони миллӣ”- фарзанди нотании ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз назари таҳқиқ нигарем аз оғоз ва решаю бунёдаш коштани тухми иғво, тӯҳмат, дурӯғу бӯҳтон, салтанатхоҳӣ ва гумроҳ карданимардум мебошад. сарварону ғояпардозони барпо намудани давлати исломиро дар Тоҷикистон дар қалби худ мепарваранд ва ин орзу чи дар хоб ва чи дар бедории сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамсафари онҳо буда, ин нафаронро ором намегузорад.

Суханронии навбатии М.Кабирӣ дар канали телеграмии “Бунёди байналмиллалии Ризвон” ва телевизиони интернетии “Носирин” санаи 21.04.21 далели гуфтаҳои болост. М.Кабирӣ дар оғози суханронии худ аз “таърих”-и луч, ифтихори пуч, таърихбофию таърихфиребии наҳзатиҳо сӯҳбат менамояд. Минбаъд ӯ мисли сафсаттаҳои пештарааш баён менамояд, ки мардуми Тоҷикистон гӯё ба ҳама фирқаву мазҳабҳои ислом новобаста аз шиа будан ё набудани он рӯй овардаанд ва ҳатто номи фарзандони худро аз номи пешвоёни мазҳаби шиъа, мисли Оятулло, Руҳулло, Биҳиштӣ ва ғайраву ваҳо казо мегузоштанд. М. Кабирӣ ҳатто ба номи писари худ Руҳулло ишора карда қайд менамояд, ки мардуми Тоҷикистон ба ин номҳо эътиқод доранд, ки ба пешвоён бузурги исломӣ мансуб аст. Ин боз як далели раднашавандаи наҳзатиҳои мазҳабфурӯш ва бегонапараст мебошад.

Маълум аст, ки сарварони наҳзатиён мазҳаби ҳанафиро фурӯхта баробари қабули мазҳаби шиъа номҳои роҳбарони инқилоби исломии Эрон-Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Муттаҳаррӣ, Руҳулло, Ҳусайнӣ ва ғайраро ба фарзандони худ гузоштаанд. Масалан писарони раиси собиқи ҲНИТ Абдуллои Нурӣ – Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, писарони раиси ҳозираи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ – Руҳулло, Муртазо, Биҳиштӣ, Меҳдӣ, писарони муовини аввали раиси собиқ ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ – Саидмеҳдӣ, Саидҷавод, Биҳиштӣ, писари узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсиддин Саидов – Руҳулло, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Ин хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаб намедонанд, ки чи тавр садоқат, ғуломи ҳалқабаргӯш буданашонро ба хоҷагони хориҷиашон нишон диҳанд, бо кадом шеваи ҷилваю рақс, мисли раққосони дарбори амирони манғитӣ ба онҳо хизмат кунанд ва мақбул шаванд. Ба пиндори онҳо ин номҳои “ифтихорӣ” гӯё ақлу дониш ва фаросати онҳоро афзун месозад.

М. Кабирӣ таъкид менамояд, ки ҳар касе, ки калимаи шаҳодатро ба забон меорад новобаста аз аҳли шиъа ё суннӣ буданаш наҳзатиён ӯро мусалмон меҳисобанд, бо ягон равия, ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, аз ҷумла ҷараёни ифротии Салафия ва созмони террористии Ихвонул-муслимин мушкилӣ ва ихтилоф надорад. Маълум мегардад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои ба ҳадафҳои нопокашон расидан аз касе ва аз чизе рӯй намегардонад. Кабирӣ аз Эрон хоҳиш мекунад, ки ба музлумини диндори Тоҷикистон кӯмак намояд. Ӯ баён намуд, ки ҳадафи наҳзатиён ин на бунёди давлати исломӣ, балки давлати секулярӣ (ба маънии дунявӣ, муосир ва демократӣ) мебошад. Ин ҷо боз ҳамон ҳадафҳои аслии ТТҲ ҲНИ пардапӯш шудааст. Маълум аст, ки дунявият ё секуляризм маънои аз таъсири калисо, масҷид раҳо кардани ҷомеа ва аз таъсири дин озод кардани фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳниро дорад. Таърих собит сохтааст, ки ягон ҳизби динӣ ҷонибдори давлати дунявӣ ва секунлярӣ набуд ва нахоҳад шуд. Ин танҳо аз суханпардозӣ ва фиреби назари навбатии Кабирӣ беш нест. Кабирӣ дар ҳар маврид ба Эрон муроҷиат менамояд ва гӯшрас менамояд, ки Эрон барои наҳзат талошҳои зиёд кардааст, то нобуд нагардад, риштаи муносибатро суст насозад ва ғайраюва ҳоказо. Инҷо бори дигар зодаву парвардани ки будани ТТЭ ҲНИ маълум мегардад. Ҳизбе, ки дастпарвару дастнигари кишвари бегона аст, чи тавр метавонад барои манфиатҳои миллӣ хизмат намояд.

Хулоса суханронии навбатии Кабирӣ ва ҷилвакунии ӯ дар оинаи нилгун бо мақсади аз садақаву тӯъмамаҳрум нагаштан, ошкор кардани он аст, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш барои хоҷагони хориҷиаш камари ҳимматро маҳкам бастаанд ва лаббайгӯву хизматгор ва ғуломи ҳалқабаргӯши онҳо мебошанд.

Иброҳимзода Сардор, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ