​Ҷавонон - нерӯи пешбаранда ё чанд нукта дар бораи мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони мамлакат

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли барои мардуми тамаддунофари тоҷик таърихӣ, 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ин чорумин мулоқоти Роҳбари ҷавонпарвари тоҷикон аст, ки бо намояндагони насли ҷавони кишвар анҷом медиҳанд.

Шояд дар ягон давлати дигар ба ҷуз Тоҷикистони азизи мо мулоқоти Президент бо ҷавонон чунин ба ҳукми анъана надаромадааст...

Ин навбат низ Пешвои миллат аз мо, ҷавонон "нерӯи созанда", такягоҳи боэътимод", "нерӯи пешбаранда", иқтидори воқеии пешрафти кишвар" ва "ояндаи давлату миллат" ном гирифтанд.

Дар доираи суханронии Роҳбари давлат тамоми ибтикороту тадбирҳо дар даврони истиқлолият, ки ҷиҳати дастгирии ҷавонон роҳандозӣ гардид, баррасӣ ёфт. Аз фактҳои ироашуда дар баробари ифтихор, ҳисси масъулияти мо, ҷавонон дучанд боло гардид, то тавонем сазовори ин ҳама боварҳо ва ғамхориҳо гардем.

Мулоқот хеле ва хеле самимӣ буд. Суҳбатҳои ҷолибу омӯзанда. Роҳбари давлат аз таҷрибаи фаъолияти хеш нақлҳои муассир намуданд, ки шоистаи ибратҳост.

Аз суханронӣ ва эҳсосоти Пешвои муаззами миллат маълум буд, ки чӣ қадар барои ояндаи ҷавонони кишвар ғам мехӯранд. Ҳама маслиҳатҳо аз рӯйи меҳру ғамхорӣ буд. Таъкид ба таъкид даъват намуданд, ки ҷавонон, пеш аз ҳама, илм омӯзанд, дониш гиранд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, зеро фардои Тоҷикистон аз намояндагони ин қишри ҷомеа вобастагӣ дорад.

"Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем" - ин таъкиди Роҳбари давлат мавҷи кафкӯбиҳои толорро баланд намуд, зеро ҳар як ҷавони толор дар рӯҳу ҷисми худ аз дастгириҳову ғамхориҳо пайваста бархурдор буд...

Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботакрор зикр намуданд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, меҳвару ҷавҳари суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро саводнокии ҷавонон, шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ин табақаи фаъоли ҷомеа ташкил медод.

Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафти мо, ҷавонон падарона маслиҳатҳои муҳиму муфид ироа намуданд.

Мо, ҷавонон бори дигар эътимод намудем, ки дар маркази таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат қарор дорем ва барои зиндагии шоистаи мо пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Мо кӯшиш мекунем, ки бо ташаббусҳои тоза ва ибтикороти навину ҷадид суйи фатҳи қуллаҳои илму дониш ва баланд намудани суръати рушди Тоҷикистони азизамон пайваста саҳим бошем. Зеро мо хуб медонем, ки нерӯи фардоафрӯзи ин миллат мо, ҷавонон мебошем.

Шоистаи таъкид аст, ки дар мулоқоти мазкур Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро як қатор ҷавонони фаъол намояндагӣ намуда, суханронии садри аъзами мамлакатро, ки роҳнамои муфид ва дастури созанда ҷиҳати расидан ба музаффариятҳои тоза мебошад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ