Хиёнат хилофи диёнат аст

Тафаккур манбаи амалҳои ояндаи ҳар як фардро инъикос мекунад. Агар шахс фикру андеша ва нияти пок дошта бошад ў соҳиби нерўи тавоно ва созанда буда, ба худ ва атрофиён, ҷомеаву давлат нафърасон аст. Ашхоси бохирад тамоми саъйу талоши худро барои ҳадафи нек, барои созандагиву бунёдкорӣ ва ободониву некўаҳволии халқу мардуми хештан ва шукуфоии Ватан масраф хоҳад кард.

Мутаассифона, дар ҷомеа иддае аз афроди бадандеш, зишткору ноҷавонмард бо тамоми ҳастӣ гаравиш ба аъмоли ношоиста доранд ва бар халқу миллати худ бо чашми ғараз менигаранд ва ба хоки поки Ватан хиёнат мекунанд. Хиёнат аз амалу кирдорҳои манфуртарину бадтарини инсонӣ буда, онеро ки ба Ватан хиёнат меварзад, ҳатто дигар наметавон инсон номид. Чаро ки хиёнат ба Ватан - ин хиёнат ба шири поки модар, хиёнат ба хоки муқаддаси Ватан, хиёнат ба ҳар як кўдаки гаҳвораи модари миллат, хиёнат ба ниёгони худ, хиёнат ба дину диёнати хеш, хиёнат ба...Хуллас, хиёнат ба Ватан яке аз амалҳои пасттарини аҳриманист.

ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин ва гурўҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои муташанниҷро дар ҷомеаи мо, ки айни ҳол сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Аз таърих маълум аст, ки ислом хамчун оини покию адолат қарнҳо боз арзи хастӣ ва фаъолияти бовусъат дораду ҷавҳари он шинохти худ ва шинохти худованд аст. Вале наҳзатиён ва баъзе афроди дигар ин дини мубинро дастак намуда, бо рафтори ғайриинсониашон ҷомеаро "заҳролуд" карда, қисме аз мардуми ноогаҳро ба доми ҷаҳолату гумроҳӣ мекашанд.

Бояд гуфт, ки бархе аз душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои тинҷу ороми кишварро халалдор намоянд. Ин тоифаи нотавонбин ва ғуломи зархариди хориҷиён пайваста талош мекунанд, ки тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди мардуми шарафманди тоҷик ва давлати тоҷикон иғво ангезанд. Ин амалҳои эшон берун аз кирдорҳои неку наҷиби инсонӣ буда, ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест. Ҳар як фарди ин диёр бояд бифаҳмад, ки Ватан фарзандони хоинашро ҳеҷ гоҳ намебахшад!

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Ҳама ин тараққиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нест? Магар ин хандаи кўдакон, оромии қалби модарон ва осмони мусаффо аз тинҷӣ нест? Ин ва дигар суоли зиёде ҳаст, ки шумо якчанд тоҷикони сиёҳдил ва ё иғвоангези хориҷа, ки бо баромадҳои беасосу иғвоангези хеш байни мардум тафриқа меандозед, бояд биандешед!

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ