Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст, вале
Аз қадимулайём гуфторе ҳаст, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст”. Мавзӯи ҳамсоядорӣ аз мавзӯъҳоест, ки дар Шарқ ҳама вақт дар зиндагии мардум мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре саҳми бориз мегузошт. Рафоқату эҳсоси масъулияти ҳамсояи вафодор ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маврид- ҷашну сур, зодрӯзу хонасозӣ ва мотаму азодорӣ гирди ҳам омада, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд. Мардум новобаста аз миллият бо ҳам дӯсту тифоқ буданд. Ин анъана то ба замони мо омада расидааст ва мардуми тоҷик халқи меҳмондӯсту ҳамсояпарвар аст.Вале баъзенафароне пайдо мешаванд, ки дорои ин гуна хислатҳо нестанд. Дар замонҳои пеш мардуми қирғизутоҷик бо ҳам дӯсту тифоқ буданд, муносибати хешутаборӣ доштанд рафту омад мекарданд, доду гирифт мекарданд, дуҷониба савдо мекарданд, шерикона ҳосил мекоштанд. Вале воқеаҳое, ки рузҳои охир байни сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон рух дода истодаанд ҳамагонро ба ташвиш овардааст.Мо мардуми сулҳхоҳ ҳастем чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифашон ба вилояти Суғд иброз доштанд “Ворух ин як ҷузви хоки Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад!” мо ҷонибдори Пешвои худ ҳастем. Ва намегузорем, порае аз хоки моро дигарон соҳиб шаванд. Ба сокинони минтақаҳои назди марзӣ муроҷиат намуда қайд карданд, ки “бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд”, ки ин гуфтаҳо ҳақ асту ростанд. Вақте, ки кор бо гуфтушунид дар фазои орому осоишта ҳал мешавад ҷанҷолу муноқиша чаро? Аз рафти кор ин боз иғвокориҳои Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз берун истода мардумро ба таҳлука андохта истодаанд. Банда нисбати онҳо танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки
Заҳр бодо шири модар бар касе
К-ӯВатани худро гум кардааст.
Биоишаи Назар