Изҳорот: Бомдод.ком сомонаи дасисакорон
Ҳама гуна баҳсу мунозира дар сари нуктаҳои ҳассос дар шароити ҳозира то чӣ ҳадде метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солими кишвардорӣ ва фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.
Аввалан, мо алҳол набояд ба ҷалби таваҷҷўҳи мардум ба хараҷу мараҷ ва кашида шудани онон ба моҷарои сиёсӣ роҳ диҳем, ки ҳаргиз салоҳи корнест. Тоҷикистон дар зарфи чанд соли ҷангу ошўбзадагии сиёсиву иҷтимоӣ бо мушкилоти азим ва талафоти зиёди рўҳиву равонӣ аз ботлоқи хараҷу мараҷи сиёсӣ берун шуд, мардум хеле ба душворӣ ва дар фурсати зиёд, пас аз хастагии бас фарсудакунанда нафаси озод кашид. Дубора чӣ манфиат ва оқибат дорад, ки раванди зисти солим дар кишвар осеб пазирад, дубора халқи заҳматкаш талафоти рўҳиву равониву ҷисмӣ диҳад, зисти бомароми худро, ки солҳо ба сад хуни ҷигар ба роҳ мондааст, гум кунад.
Сониян, чунин муносибати моҷароҷўёна метавонад торҳо ва эҳсосоти нозуки мардумро дар роҳи майлонҳои тахрибкорӣ аз нав бедор кунад ва ба ангезиш оварад, ки ин рафтор ҳам моҳиятан аз даст додани ҷилави амну осоиш дар ҷомеа ба шумор меравад.
Саҳифаҳои сомонаи bomdod.com ягон матлаб бароипешрафти зиндагии шоистам мардуми тоҷик нашр накардааст. Аз ин бар меоял, ки тамоми нигоштаҳояш ғаразнок буда, ҳамеша мардуми оддиро бо дасисабозиҳояшон бо ҳукуматдорон ба муноқиша мегузоранд. Посух ва раддия ба филми “Хиёнат” нигоштаҳои болоро тасдиқ менамояд.
Мо ҷавонон ҳамеша дар сари чунин андеша қарор дорем, ки имрўз ва минбаъд низ ҳаллу фасли масъала дар заминаи «муколама, гуфтугў, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар» сурат бигирад ва танҳо фарҳанги баландпоя «роҳи ҳалли масоил байни кишрҳо, гурўҳҳо, андешаҳо ва нухбагон дар кишвар» шинохта шавад.
Шаҳрзод Баҳорӣ