​Дасисабозиҳои Ташаев то ба кай?!

Баъзе сиёсатмадорони навбаромад ба ҷойи иҷрои вазифаҳои бевоситаи хизматии худ ба иштироки фаъолона дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд холҳои сиёсӣ ба даст оранд. Дар ин раванд онҳо аз пайомадҳои амалҳои хеш андеша наменамоянд ё худ ба он фаҳму фаросаташон намерасад?! Шиносоӣ бо саҳифаҳои Фейсбук шаҳодат медиҳад, ки яке аз нафари беандеша, масъули мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К. Ташаев мебошад, ки хеле фаъолона аз номуваффақ будани тафаккури худ дарак медиҳад. Ӯ ба симои расмӣ будани худ эътибор намедиҳад ва ҳатто хаёл намекунад, ки сухану ақидаҳои ӯро мардум чун мавқеи роҳбарияти давлат мефаҳманд. Ё ин, ки дар асл ҳам ин тавр бошаду ҷузъе аз сиёсати ҳукуматдорони қирғизистонӣ чунин бошанд?!

Мушоҳидаҳои бардавом, маълумотҳои ғайрирасмию расмӣ, таҳлили воқеӣ ва низоъи байнисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон нишон медиҳад, ки кадом ҷониби сеюми манфиатҷӯ мавҷуд асту ҳамаи нооромиҳои мавҷударо ташкил ва маблағгузорӣ менамояд. Нафарони бефаҳму беақлро гумроҳ намуда онҳоро идора мекунаду овозаҳою амалҳои муғризонаи худро тавассути ин тоифаи роҳгумзада амалӣ менамояд. Танҳо ҳақиқат он аст, ки дар Тоҷикистон ин амалҳои манфиатҷӯён ҳамовозӣ пайдо накардаасту намекунад, вале дар Қирғизистон теъдоди фирефташудагон хеле сершумор аст, ки инъикоси онро дар шӯрандози (провокатсия) - ҳои сершумор мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин айём мебояд мақомоти расмӣ мавқеи устувори сиёсӣ дошта бошанду иғвогарону дасисабозони ҷониби манфиатхоҳро саркӯб намоянд. Насазад, ки масъули мақомоти давлатӣ ҳамраъйу ҳамақидаи онҳо бошад!

Мутаасифона дида мешавад, ки К. Ташаев қариб, ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо “иқдому ташаббус” ва “таклифҳо”- и нав ба нав баромад мекунад, ки метавонанд вазъи оромонаи мавҷударо халалдор созад. Масъули мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ки манфиати давлати худ бо далелҳои воқеӣ ва бо роҳи мусолиҳа ҳимоят кунад. На он, ки ба “осиё”- и ҷониби дасисабози сеюм “об резад”. Вагарна, андешае пайдо мегардад, ки ҳамаи гуфту шунидҳои байнидавлатӣ танҳо барои зоҳири сиёсӣ асту дар асл роҳбарияти давлати ҳамсоя ҳаллу фасли одилонаи қазияи мавҷударо ҷонибдор нест? Дар акси ҳол роҳбарияти Қирғизистонро мебояд ба гуфтаҳои беасосу ҳарзаҳои К. Ташаев баҳои сазовор диҳанду бехи он баркананд. Зеро, ҷониби Тоҷикистон аз аввали пайдои ин мушкилот ҳамеша дар мавқеи ягонаи устувор буду ҳаст ва мемонад. Шумоён гар чунин хоҳеду тавонед мебояд лаҷоми баъзе нафаронро хубтар кашид!

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ