Хислатҳои бузи саҳроӣ
Дар саҳроҳои Аврупою саҳнаҳои Ютуб симоҳои кӯҳна “эҷодкори” – ҳои нав ба нав намоиш дода истодаанд, ки аз хоҳишу майли баланди худрекламакунӣ ё худ популизми ошкоро дарак медиҳад. Инчунин, нафароне, ки ба қобилияти фитрии худ баҳои ноҳақи баланд медиҳанд, гирифтори бемории рӯҳии ҳавобаландӣ (мания величия) мебошанд, яъне ҳарзагӯю бофтакоранд, имрӯзҳо овоз бароварда истодаанд. Баъзе нафарон бошанд, чун бузи саҳроӣ чунон беқароранд, ки алафи пеши пойи худ поймол карда ба даразт мечаспанду майли ивази сабзаи чакалакзор бо барги дарахт мекунанд, дар як ҷой чарида наметавонанду беқарор аз як нуқта ба нуқтаи дигар меҷаҳанд.
Омолу ҳаракатҳои беақлонаю беҳушонаи нафарони сифати ҳайвони зикргаштаро дар гуфтори Муҳиддин Кабирӣ – сиёсатмадори кӯҳнабисоти мазҳабу ватанфурӯши наҳзатӣ мушоҳида мегардад. Чун бузи саҳроӣ худро аз як макон ба макони дигар, аз як мавзӯю равия ба самти дигар задани Кабириро дар баромадҳои тозапаҳнаш метавон мушоҳида намуд.
Аввало, ин “уламои диншинос” барои рекламаи худ саволе матраҳ кардавусохтакорона ба он мехоҳад ҷавоб гӯяду (ҳол он, ки намоиши як саҳнаи пешакӣ тарҳрезишуда) худро чун мутафаккиру олим муаррифӣ кунад. Худи саволи гузошташуда “оё мусалмононро танҳо диктотур идора карда метавонад?”аз ҷиҳати этика ва мантиқ на он қадар саҳеҳ мебошад, зеро умумигардонии рушди ҷомеаи ҳамаи мамлакатҳои мусалмонӣ ҷоиз нест. Чунки,ҳар як халқу миллат урфу одат ва анъанаҳои хосаи худро дорад, ки самти рушди ҷомеаро дар давлати алоҳида муайян мекунад. Масалан, шоҳони сулолаи Сомониён дар байни ориёиҳо давлати халқпарвари демократӣ бунёд карда бошанд, Саддом Ҳусейну Қаззофӣ пешвоёни муттаҳидсозу ғамхори қавму қабилаҳои мутақобил дар Ироқу Либия буданд ва набояд онҳоро диктатор ё ҳукмрони мутлақ ҳисобид.
Кабирии олимтароши палид то он андозае ҳавобаланду носипос аст, ки дар ин мавзӯи ҳассос мубоҳиса кардани шуда ҳатто омодагӣ надидааст ва ҳатто дар Тунис чанд президент бо таври “демократӣ” интихоб шудааст, аниқ накардааст. Ғайр аз он, суханронӣ бо шеваи эронӣ,истифодаи вожаҳои бевазн ва дигар, бо симои мутаккабири “ҳақиқатро танҳо ман медонаму ман мегӯям, шумо шунаведу қабул кунед” шаҳодат медиҳад, ки ин ҳунарманди саҳна фармоши нав, яъне роли нав аз хоҷагони маблағгузораш гирифтаасту аммо бо сабаби беҳунарӣ онро чун ролҳои қаблиаш бозида истодааст. Бешармонаю бақлона кинояю ишорамекунад, ки интихоботи президентӣ дар ҳамаи давлатҳои исломӣ (фаразан Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам) сохтакории маҳз аст. Бин ҳарзааш ҳомиёни эрониаш чӣ мегуфта бошанд ? Ғарази ҳамаи ваъзхонӣ пуштибонӣ аз Ҳизби наҳзати исломи Тунис асту бас!? Агар дар Тунис демократия муваффақ шуда бошад, чаро паҳншавии коронавирус пешгирӣнамудану ҷилавгирӣ мушкил будавуиқтисодиёт рушд накардааст?
Кабирии нобакори палид муғризона майнаи солимфикрронро олуда карданист, китанҳо наҳзатиён демократияи муваффақ бунёд карда метавонанд. Гарчанде, ки ҳақиқати воқеӣ ин андешаро инкор менамояд. Мардуми заҳматқарини тоҷик меваҳои талхи “демократияи наҳзатӣ” чашидаанд ва ба ин ҳарзаҳои Кабирӣ ҳаргиз бовар нахоҳанд карду онро намепазиранд.
Мебояд таъкид сохт, ки Кабириимазҳабфурӯш худро “олиму доно” тарошида мавқеи шахсиятҳои барҷастаро дар таърихи ҷомеаи башарӣ инкор карданист, ки амали носазои нафари савдоӣ аст. Ӯро мебоист ҳисси бахилию бадбинии худ як сӯ гузошта аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гӯяд. Вале, на ҳар марде тавонад ҳақиқатро дарёбадунекхоҳона баён намояд !
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология