Кабирии ҷаллоду мардумфиребу муттаҳам

Муҳиддин Кабирӣ аз шабакаҳои иҷтимои ин қадар баромадҳо мекунаду чун қурбоқа ваққос мезанад, ки ба касе намефорад. Баръакс ҳама нисбати вай нафрат доранд. Ҳамаи гапҳои вай пучу бемаънӣ мебошанд. Зеро дар тӯли ин солҳо ягон ҷоро обод накардааст. Ақалан як мактаб ҳам напӯшидааст. Барои манфиати халқ ягон кор накардааст. Дуруст қайд мекунанд, ки Сарвари давлат “Кабирӣ фоидаатро намерасонӣ ақалан халал нарасон” Кабирии аблаҳи нобакор ба ҷуз мардумфиребиву қаллоби дигар кор надорад. Аслан кори вай ҳамин аст. Зеро бо амалҳои нопокаш вай косалеси хоҷагони хориҷа асту ба як қуттии лойомуд худашро ба об ҳам мепартояд. Аслан нафаре, ки Ватанашро фурӯхтааст аз вай чи умеди неки. Чуноне, ки мегӯянд:

Воизон чун ҷилва дар меъробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд зон кори дигар мекунанд

Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Вай нисбат ба дини ислом кӯр кӯрона муносибат мекунад. Худ нафаҳмидаву дарк накарда ҳадисҳоро нодуруст маънидод мекунад ва ниҳоят мардумро ба гумроҳӣ мебарад.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Мардум имрӯз ҳушёр ҳастанд ва зиракии сиёсии худро ба даст гирифтаанду бар зидди ин ифротгароиҳо мубориза мебаранд. Имрӯз миллати тоҷикро сар то сари ҷаҳон ҳама мешиносанд ва эътироф мекунанд. Мо бо роҳбарии сарвари худ муттаҳид ҳастем ва шикастнопазирем. Кабирӣ худ девона аст худ ба худ гап зада гаштан мегирад. Суханони вай ягон асос надорад. Баромадҳои силсилавии вай дилбазан гаштаанд. Ҳама аз ӯ безоранд. Мо хоҳони онем, ки зуд вай дастгир шаваду ҷони миллати мо аз вай халос гарданд ва мо бо осудаҳоли умр ба сар барем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ