Терроризм ва экстремизм-ҳамчун вабои аср
Мушкилоте, ки солҳои охир имрўз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад.Тайи солҳои ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣбо амалҳои ѓайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии саёраро ноором карда,ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Имрўз терроризм ва экстремизм гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.Шаклҳои зуҳури ин падидаи номатлуб терроризм аз рўи хусусиятҳояш гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад; инфиҷор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам,барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ,бо роҳи зўрӣ гаравгон гирифтани одамон,дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардҳои ҳаёти осиошта, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣва сиёсӣ мебошад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир,хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд.Гурўҳҳои ифротӣ чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта,хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мебояд нисбат ба ин гурўҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ,ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бот истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, бо амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд,муборизаи оштинопазир бурд. Ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гунна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд мутаҳхид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А