Дастгири Сарвари сулҳҷӯем
Имрӯз, кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқии низоми навини робитаҳои байналмилалӣ дар 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Дар айни замон дар кишвари мо – Тоҷикистон танҳо ба самти афзалиятноки кишвар таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.Зеро кишвар ба тамоми оламиён аз нав эҳё гардид.
Аммо мутассифона, душманони хориҷӣ чашми дидани Тоҷикистонро надоранд ва бо бӯҳтонзаниву фитнаангезӣ кишвари моро ба маркази экстремизм ва терроризм табдил доданианд.
Ба ин нигоҳ накарда, халки азизи Тоҷикистони имрӯза бо иродаи матини худ намегузорад, ки Тоҷикистон зери тиру туфанги душманони маълун монад.
Санаи 22.07.2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо - афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодагии онҳо санҷида шуд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қудрати бузурги ҳифзу марзу буми худро дорад. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба қувваи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон боварӣ дорем. Мо аз ин чорабинӣ хулоса намудем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонбо техникаҳои ҷангӣ таъмин аст. Қӯшунҳои сарҳадӣ – Гвардияи миллӣ ва ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи марзи хеш тайёранд.
Мо, кулли омӯзгорони МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистон ба кӯчакиаш нигоҳ накарда, дорои чунин қувваи бузург аст. Албатта, баҳри дастгирии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар сафи пеш истода, зидди душманони кишвар мубориза барем ва донишандӯзони худро барои ҳифзи марзу буми кишвар омода созем.
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ