​Қудрати ватан

Фирори фаврии нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои абарқудрат аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонстон боиси тезу тунд гаштани рақобатҳои дохилӣ ба иштироки яроқбадастон шудааст. Ҷорӣ гардидани низоми меъёрҳои радикалӣ бо номи дини мубини Ислом аз ҷониби аъзои ҳаракати “Толибон” дар маҳалҳои зӯран ғасб кардаашон шаҳодат медиҳад, ки мардуми афғонро дар оянда рӯзҳои даҳшатбор интизор аст. Қувваи муттаҳидсозии ҳамаи қишрҳои ҷомеа дида намешавад ва эҳтимол меравад, ки нооромиҳои тӯли зиёда аз 43 сол тӯл кашида боз ҳам идома меёбад.

Барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қазияҳои Афғонистон хеле ташвишовару нигаронкунанда аст. Зеро, мардуми афғон ҳамзабону ҳамфарҳанг бо мо буда дини ягонаи исломро мепарастанд. Ғайр аз он, ин давлати ноором ба кишвари мо дар масофаи наздик 1500 км марзи байнидавлатӣ дорад ва натиҷаи бесарусомониҳои дохилӣ боиси муҳоҷирати маҷбурии сокинони осоишта ва халалдор гаштани низоми сарҳадӣ шуда метавонад. Дар ин раванд хатари ворид гаштани аъзои созмону ҳизбҳои террористию экстремистии байналмиллалӣ низ вуҷуд дорад.

Роҳбарияти олии кишварамон сиёсати оқилонаю хирадмандонаи ҳаллу фасли муаммоҳои Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳову мусолиҳаро пеш мебаранд, ки қолиби дастгирӣ ва пайравист. Лекин, барои муқовимат ба хатарҳоиберуна мебояд доимо омода буд. Ташкил ва гузаронидани омодабошии ҷангии “Марз – 2021” дар ҳама ҷузъу томҳои мақомотҳои қудратӣ ва нерӯҳои захиравӣ ҳодисаест, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маротибаи нахуст баргузор гардидааст. Намоиши аслиҳаву техникаи мавҷудаи ҳарбӣ, маҳорати касбии аскарону афсарон, омодабинии неруҳои захиравиу ва ҷабҳаҳои дигари маъракаи зикрёфта собит месозад, ки дар Ватани маҳбубашон роҳбарияти оқилу хирадманд, ҷасуру бомаҳорат вазъиятро метавонад бо иродаву матонати қавии ватандӯстӣ ва садоқат идора намояд ва ҳифзи марзи давлатиро таъмин намояд. Ҷоиз ба қайд аст, ки маҳз бо талошҳои пайваставу обрӯву манзалати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Русияву Ӯзбекистон ва дигар омодагии худро баҳри ҳамкорӣ бо кишварамон изҳор намуда истодаанд, ки исботи аққоли он дар баргузории машқҳои якҷояи нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон дар водии Шаҳритус давоми санаҳои 05-10 августи соли равон мушоҳида намуд.

Далелҳои овардашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрату тавонои муқовимат ба ҳарифонро дорост ва лаҳзаҳои пуртаҳлуқа ёрони содиқ дорад, ки баҳри амнияти давлати соҳибистиқлоламон кӯмаки амалӣ мерасонанд. Имрӯзҳо ҳар як фарди бо нангу номуси Тоҷикистонро мебояд якдилу сарҷамъ дар партави сисёсати муваффақонаи роҳбарияти олии кишварбошанду бос адоқату матонат баҳри ҳифзи амнияти Ватан омода гарданд.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ