​Чӣ моро аз терроризм ва экстремизм дур месозад?

Падидае, ки имрӯз дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ густариш меёбад, ба равияҳои гуногуни динӣ гаравидани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Русия ба муҳоҷират мераванд, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд. Аз ҷониби дигар, тибқи маълумотҳои рақамӣ солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Аъзоёни гурўҳҳои ифротӣ пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Viber”, “Одноклассники”, “Twitter” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро дар баъзан ҳолат оилавӣ бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд, ки дар бештар маврид зану фарзандони худро дар кишварҳои ҷангзада даъват намуда истодаанд, ки ин ҳаёти хатарнок барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб меёбад. Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ва оилаҳои онҳо ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанўз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурўғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавонон ва оилаи онҳо бояд дар навбати аввал фаромўш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсўҳбат мешаванд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ