​Нокасро номардӣ зебад?!

Тоҷикистониёнро дар ҷаҳон ҳамчун мардуми тамаддунофар мешиносанд. Ҷаҳониён, ки бо эҷодиёту дастовардҳои илмии Абӯали Синову, Саъдию, Ҳофиз ва садҳо дигар тоҷиконро омӯхтаанд, қоиланд, ки миллати тоҷик таърихан соҳиби фарзандони фарзона мебошанд. Вале имрӯзҳо тавассутӣ шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Ватани худ тӯҳмату овозаҳои бардуруғ паҳн намудани Муҳидин Кабириву, Муҳаммадиқболи Саддридин ва думравони дигари наҳзатӣ ба оламиён нофаҳмост. Аслан дар байни ҳар қавму миллат нафарони тасодуфи ва бадзоту бадкирдор мавҷуданд, ки ононро мухтасаран хоину ватанфӯруш меноманд.

Тамошои филми “Хиёнат” ва огоҳи аз аблаҳиҳои Кабириву ҳамаслаконаш ҳар як фарди Тоҷикистонро водор мекунад, ки сари ин масъала андеша кунад. Фирефтаи туҳмати муҳтонҳои наҳзатиёни палид нашаванду муқоиса кунанд, ки далелҳои дар филми мустанад оварда шуда ҳақиқати воқеи аст. Андеша кунанд, ки гӯмроҳӣ, бефарқию бепарвои ба кадом ҳолат оварда мерасонад, зеро оқибати чунин рафторҳо хоиниву ватанфӯрушист.

Дар ин замина ҳар як фарди Ватандӯст, соҳибвиҷдон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳар сӯбҳи сафо шукронаи оромиву ободии Ватан кунад. Атрофиёни худро даъват кунад, ки ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранду бар зидди наҳзатиёни ватангадои ватанфӯруш қотеона истодигари намояд. Бофтаҳои бардӯруғи онҳоро бо далелҳои ҳаққони ботил созанд ва дар Ваҳдату сарҷамии мардуми кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Коргузори кафедраи геоэкология ва методикаи

таълими факултети геоэкология Раҳимов Озод Давронович

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ