Бо дасти дигарон кор накунед хиёнаткорони Ватан
Дар оғози солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бесарусомониҳо ва майдонишиниҳои мухолифин ба сари мардуми тоҷик рӯзҳои душвор омад, ки сабабгори асосии он мансабталошиву мардумфиребиҳои ташкилоти террористӣ ва эксремистӣ Ҳизби назҳати Исломӣ ва хоҷагони бурунмарзии онҳо мебошад. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заковату хирадманди мардуми шарифи тоҷик оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хомӯш карда шуда, бо мақсади рушди устувори мамлакат наслҳои имрӯзу фардои кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гардид, ки ин ҳама аз талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи сарварону зиёиёни кишвар сабаб гардидааст. Дар ҷомеаи имрузаи ҷаҳони яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад, ки онро бояд дар ҷомеаи муосир мақсаднок истифода намуд. Дастрас гаридан ба ин гуна дастовардҳо дар замони муосир аз як ҷониб хеле хуб аст, аммо барои вайронкунандагони ҷомеаи солим барои анҷом додани амалҳои ғаразона нақши муайяни худро гузошта метавонад. Чунон, кибаробари ворид шудан ба сомонаҳои ғайрирасмӣ ба маълумотҳои бардурӯғу бидуни асоси воқеӣ, даъват ба таҳсилҳои ғайриқонунӣ, ваъдаи ҷойи кор бо музди маоши баланд, кори муздноки интернет ва дигар хабару маълумоти бардурӯғу шубҳанок зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Дар ҳамин асос мисол гуфтан ба маврид аст зеро ин тоифанафарон хоинони миллату давлатанд аз доираи одаму одамгарӣ кайҳо баромадаанд, нафақат худ балки аҳли оила, дӯстону пайвандони худро фурӯхта, бар ивази молу пули хориҷиён тамоми арзишҳои хоси инсониашонро фурӯхтаанд, ки ин ҳам бошад ҳамун ТТЭ ҲНИ мебошад, ки онро Раиси Ҳизби назҳати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ роҳбари менамояд ва ҳаммаслакони у мисли рубоҳи нокоманд, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба кишвари Аврупо фирор намуданд ва мисли саг дар ба дари хоҷагони хориҷӣ ва охундҳояшон гашта, бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ ва мамнӯъ “Ахбор. ком”, “Паём. нет”, “Ислоҳ. нет”, “Кимиёи Саодат”, “Востокнюз”, “Озодандешагон”, “Рисолат. тҷ” бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дурӯғу бофтаҳои худро баён мекунанд. Аз ин лиҳоз имрӯз ҳар як шахс новобаста аз хурду бузург бояд бар зидди ин қувваҳои баъди ҷомеа мубориза бурда сараввал миллату давалти худро, ҳамчунин насли ҷавононикишварро , ки давомдиҳандагон ва парчамбардорони кишвари азизамон Тоҷикиситон мебошанд аз доми ин гуруҳҳо дур намуда пайваста дониши сиёсӣ ва ҷаҳонбинии сиёсии хешро афзун намуда, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нагузоранд, ки ҳар гуна қувваҳои мухталифи иртиҷоӣ ворид гардида, ба оромии кишвар халалдор шавад.
Ҷураев Манучеҳр муаллими кафедраи умумидоншгоҳии сиёсатшиносӣ