​Изҳорот: Иззат Амон ва беамнии тоҷикон дар муҳоҷират

Тавре ба ҳамагон маълум аст чанде шуд, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон як изҳоротро доир ба оғози парвандаи қаллобӣ ба Иззат Амон – нафаре, ки худро ҳомии муҳоҷирон дар хориҷи мамлакат эъло карда, пули мардумро бо роҳи фареб аз худ мекардааст, расонаӣ намуда буд. Яке аз далелҳои раднопазири қаллобии ӯ ин аст, ки вай бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Русия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда, мегирад. Агар ин нафари ба ном ҳомӣ даст ба қаллобӣ назанад ва чунин булҳои махсусан калонро аз худ накунад, чӣ гуна метавонад дар мамлакати хориҷа зиндагии шоҳонаро ташкил кунад. Боз бо роҳандозии чунин корҳои корроупсионӣ пул чунон бардора кардаст, ки на давлатро мешиносад ва на миллатро. Барои ӯ фарқ надорад, ки те кистӣ. Агар ягон манфиат аз ягон кас набинад,ба ӯ кӯмак наменамояд. Ҳамин ҳадафҳои нопоки ӯ буд, ки гирифтори чоҳу зиндон кард. Мо афсӯс мехурем, ки нафароне чун Иззат Амон номи миллати моро дар хориҷа бо даст задани ҷиноятҳои ғайриодилона паст мекунанд. Иззат Амон дар оғоз бояд фикр мекард,ки моли мӯмин хуни мӯмин аст. Бо чунин кирдорҳои ҷиноятӣ Иззат Амон аз ҷониби мақомотҳои қудратии Федератсияи Русия ҳамчун ҷинояткорба қайд гирифта шуда буд. Ин нанг барои миллати мо намезебад.

Мо боварии комил дорем, ки муҳоҷирони мо аз ин кирдорҳои Иззат Амон хулосаҳои даркорӣ бароварда, ба доми фиреби ин гуна ҳомияни қаллоб дар хориҷи мамлакат намеафтанд ва худро дар он ҷо эҳтиёт мекунанд.

Кайхусрав Каримов-устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ