Санҷиши омодабошии ҷангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ 22-юми июл гузашти низомӣ доир гардид. Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Мувофиқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар гузаронида шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Пас аз анҷоми чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварда, дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Баъди суханронии сарвари давлат паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид.
Ҳангоми баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.
Ҳадафи ин тамринҳо санҷиши омодабошии ҷангӣ, мудо-фиаи ҳудудӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ мебо-шад.
Такмили омодабошии сохторҳои низомӣ ҳангоми ба амал омадани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-так- тикӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ аз ҳадафҳои дигари машқҳои мазкур мебошанд.
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ