​Кабирӣ аз Муҳаммадиқбол мутаҳҳам аст

Дар ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои сиёсӣ анъанаи нонавиштае ҳаст, ки агар нафаре аз узви он бо ҷурми ахлоқӣ – нафсӣ гуноҳе содир намояду ҷомеа аз он огоҳӣ ёбад, баҳри нигоҳдошти мақому эътибор ва обрӯи худ ходимону ҳизбҳои сиёсӣ бо шитоб аз ин воқеа худро барканор карданӣ мешаванд, ки одатан чорааш хориҷи ин узви шарманда ва ҳам нашри вокунише оид ба мавзӯъ мебошад. Яъне, ҳизбу созмонҳои муваффақу комёб аз чунин ашхоси тасодуфӣ худро дур гирифта амали онро ҳамчун нораво маҳкум мекунанду мекӯшанд, ки ҳамаи гуноҳҳояшро ба шахсияти тасодуфию нобакор будани ӯ бор кунанд.

Тавассути филми мустанади “Хиёнат” ифшо гардидани амалҳои ноҷинсона, ҳамҷинсгароии яке аз гӯшхонҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи мамнӯъ Муҳаммадиқболи Садриддин бо қумондонҳои афғон бори дигар собит намуд, ки созмони номбурда ба қадри донаи арзан нангу номус ва дар байни мардум шарафу манзалате надоранд. Вагарна, то ҳол, ақаллан ҷиҳати беасос будани далелҳои филми “Хиёнат” изҳори назар мекарданду ё худ барои тӯҳмати ба шахсияти узви ҳизбашон ба мақомоти дахлдор расман муроҷиат мекарданд. Хомӯшии наҳзатиёни палид ба андеша водор мекунад, ки эҳтимолан ин далелҳои воқеӣ ба онҳо то тамошои филми маълуму равшан будааст. Мумкин аст, ки дар байни онҳо ин амали ноҷавонмардӣ шармандагӣ ба ҳисоб наравад? Эҳтимоли дигаре низ ҳаст, ки роҳбари маккори наҳзатиёни ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ аз Муҳаммадиқболи Садриддин мутаҳҳам асту имкони ҷазодиҳию барканорсозии ӯро аз минбари ҳизби лӯхтакиашон надорад, намехоҳад ё наметавонад?!!!

Дигар сабабе бошад, аз афташ наҳзатиён тан додаанд, ки дар байнашон чунин узвҳо доранд? Ё худ ҳамсабақу ҳамтабақу ҳамҷинсии Муҳаммадиқболи Садриддин мебошанд? Ё ин, ки ҳатто масъалаи шармандагии аъзои ҳизби палидашонро бе амри хоҷагони маблағгузори хориҷиашон ҳаллу фасл карда намешаваду то ҳол ин тоифаи иблис дастуре пешниҳод накардаанд?!

Ба мардуми равшанфикри ҷомеаи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори дигар равшан шуд, ки моли наҳзатиёни фиребу найранг, ахлоқашон “намунаиЛГБТ” мебошаду Парвардигор ҳеҷ замоне онҳоро ба мақсадҳои нопокашон нахоҳад расонид. Баръакси он, барои дини мубини Исломро ниқоб кардану пайрави иблис шуданашон дар охират ҷазои сазовори ҷаҳаннам интизори онҳост!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети

геоэкологияи МДТ “донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ