Боз як нафар хиёнати хиёнаткор ошкор шуд…
Шоми дирӯз дар ТВ Тоҷикистон қисми ҳафтуми силсилафилми «Хиёнат» таҳти унвони «Бешарафӣ» пахш гардид, боз як чеҳраи манфури ғайриинсонии хиёнаткори ватану миллат Муҳаммадиқбоили Садриддин ошкор карда шуд. Аз лаҳзаҳои филм маълум гардид, ки ӯ ҳамчун шахси ғайрикомил дар оилаи Садриддинов Қаландар ба дунё омадааст. Падари ӯ яке аз наҳзатиён буда, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шахси мутасаддии тақсимоти молу ёрии башардӯстона ба гурезагон будааст ва он ҳаққи мардуми азияткашидаро ба коми худ ва фарзандонаш истифода мебурдааст. Маълум мешавад, ки дар ин гуна оилаи аз нони ҳаром ба воя расидаистода ӯ тарбият ёфта, ҳамеша «хиёнат»-ро нисбат ба халқу атрофиёнаш раво медонист.
Тибқи ахбори филми мазкур Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба амалҳои ғайриинсонӣ даст мезад, монанди амирони манғит ба “бачабозӣ” машғул буда, чеҳраи манфури ӯ ошкор гардид. Бо мақсади миёни ҷамъият бо ошкор гардидани чеҳраи манфураш ӯ шарманда ва радди маърака нагардидан, бо аҳли оилааш ба Ҳироти Афғонистон фирорӣ шуда, акнун сарсону саргардон ва монандаи саги гуруснае, ки аз пушти нафси худ аккос зада, мегардад, дар хориҷи кишвар ба хоҷагони хориҷиаш хизмат карданро авлотар медонад.
Чанде пештар ӯ бо навиштаву сабти видеоияш гӯё баъзе камбудиҳои мансабдоронро ошкор карда, худро ба “равшанфикрӣ” дар миёни халқ шиносонданӣ буд. Вале аз он амалҳои разилонаву ғайриинсонии худ оё ноогоҳ буд, ки лоф мезад ва аз норасоиҳои баъзе давлату ҳукмат даст доштани чанд нафарро номбар менамуд! Гӯё ӯ фаришта буд, ҳеҷ камбудие надошт ва беозору бомаърифат буд, вале худ намедонист, ки ҳамаи ин кирдори баръаскро доро мебошад.
Хулоса, филми “Хиёнат” метавон гуфт, ки яке аз силсилафилми ҳуҷҷатии махсус буда, кирдору рафтори хиёнаткорони ватану миллат ва давлату ҳукуматро ошкор намуд. Ба ин амалҳо ва ноҷавонмардиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мисол шуда метавонад.
Ба насли ҷавон ва хоса онҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ даст доранд, муроҷиат карда, гуфтанием, ҳеҷ гоҳ ба гуфтор ва овозаҳои ин қабил шахсон бовар накунанд ва ба доми ин гуна шахсон гирифтор нашаванд.
Маҳкамов Саидқул, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик