​Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ бозичаи хориҷиҳост

Тавре таҷрибаи 30-солаи соҳибистиқлолӣнишон дод ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мисли дигар ташкилотҳои террористии байналмилалӣ, ки аз ҷониби кишварҳои сеюм таъсис ва идора карда мешавад, аз сӯи аҷнабиёни манфиатпеша ташкил ва роҳандозӣ карда шудааст. Хусусан, дар замоне, киТоҷикистон ба гирдоби оташи ҷанги шаҳрвандӣ ғарқ мегардид, онҳо пулҳои зиёдеро тасарруф намуда, мардумро бехонаву дер сохта, ба муҳоҷират маҷбур намуданд.

Аз ҳамин ҷиҳат, метавон таъкид кард, ки моин нафарон ба мардуми мо дӯст шуда наметавонанд. Ба хориҷа гурехтани Кабирӣ ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтани он ҳам ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ дастнишондаи дасти террористони байналмиллалист. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мазҳабро низ онҳо ба як бозори хариду фурӯш табдил дода, тавонистаанд, ки чандин нафарро аз мазҳаби Абӯҳанифа берун сохта ба роҳи манзҳабгароии бегона дароранд.

Яке аз роҳҳои ҷудоисозии ҳамин нафарон ин аст, ки мардумро аз ҳастии ӯ бегона карда, ба роҳи бегонагон мебаранд. Тавре худашон ба ин роҳ рафта шармсор гардиданд. Мо Муҳиддин Кабириро ҳамчун наълаткардаи халқ медонем ва эътироф мекунем ва онро таърих дар оянда нахоҳад бахшид. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи шаҳрвандони арҷманд хошиш менамоем, ки дасисаеро, ки ин гуруҳҳо ба роҳ андохтаанд, маҳкум кунанд ва нагузоранд, ки ин нохадафҳо ба мардуми тоҷик дигарбора болоҳоро таҳмил кунад ва зиндагии осоиштаи онро халадор намояд.

Кайхусрав Каримов – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ