Изхорот: Ҳомии ҳуқуқе, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кард
Тайи чанд сол буд, ки Иззат Амон яке аз ҳомиёни ҳуқуқ ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскавҳамеша Ҳукумати мамлакатро танқид менамояд. Дар паси чунин корҳои танқидиаш баъзе ҳадафҳои худро роҳандозӣ менамояд ва маълум мешавад, ки ӯбарои ҳимояи шаҳрвандони кишвар дар хориҷи мамлакат ба ном фаъолият мебарад. Дар интенет чунин овоза пайдо шуд, ки Иззат Амон гўё гум шудааст.
Яъне аз пай иғвогариҳои ин нафар боз як иғвои дигар расонаӣ гардид. Маълум мешавад, ки ӯ аз шахсиятҳои манфиатхоҳи мамлакат намебошад ва танҳо бо паҳн карданимаълумотҳои бардурўғ ҳукумати мамлакатро бадном карданӣ мешавад. Иззат Амон, ки худ зери косаи шикастаи манфиатҳои хеш ба кадом кори хиёнаткорона даст задааст, ҷои онро надорад, ки дигар шаҳрвандони хориҷии мамлакат ба он такя кунанд ва барои ҳимояи ҳуқуқуозодиҳои худ ба воситаи ӯ мубориза баранд.
Дар хориҷи мамлакат бо вуҷуди ба даст овардани шаҳрвандии Русияро чандин ҷиноятҳоро содир карда, дар нади додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ба фаъолияти ғайриқонунӣ гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст. Яъне дар куҷое, ки Иззат Амон набошад, онҷо ҷинояту қонунвайронкунӣ ривоҷ меёбад.Ӯ бояд дар назди қонун дар куҷое, ки набошад ҷавоб диҳад. Зеро ҳар айб дар назди қонунҳои кишварҳои бо роҳи демократӣ ба пеш меравад, бе ҷавоб нахоҳад монд. Мо боварии комил дорем, ки Иззат Амон низ аз корҳои кардааш ва таҳқирҳое, ки нисбати ҳукумати мамлакат ба анҷом расонидааст ва бо роҳи дуруғморо дар назди ҷомеаи башарӣшармсор месозад, посух хоҳад гирифт.Агар бегуноҳ бошад, ҳатман озод мешавад ва аз паи корҳои рӯзмарраи хеш меравад. Инро вақт нишон медиҳад ва номаи аъмони Иззат Амон.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ