​Изҳорот: Ҳилаи нави маккоронаи рӯбоҳи пир!

Дар муҳити зист намудҳои интихоби табиӣ ва сунъиро фарқ менамоянд, ки яке вобаста ба омилҳои табиӣ ва дигаре зери таъсири омили антропогенӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Танҳо омилҳои фавқуллода метавонанд ин равандҳои табииро тағйир диҳанд. Инсон ҳамчун ҷузъи бо шууру боидроки табиат танҳо тавассути ақл ва дониш ба раванди интихоби намудҳо таъсир мерасонад ва дар аксарияти ҳол бартарияти мусбиро муваффақ мешавад. Дар ҷомеаи башари низ намудҳои гуногуни интихобро метавон мушоҳида намуд, ки ба сатҳи фарҳангу ақлу дониши ҳар як фард алоқаманд аст. Баъзе нафароне, ки Офаридгор ба онон ақлу фаросат ва дигар хислатҳои наҷибро арзонӣ доштааст, ношукрона аз ин неъмат тамоми нерӯи худро ба кирдору рафторҳои палидона, хиёнат ба Ватан, иғвогарӣ, ҳилаву найрангу нағмабозӣ, сафсатахонӣ, тӯҳматбофию бӯҳтонсозӣ ва дигар амалҳои ифротгаро равона менамоянд, ки аз иблисӣ будани таннаташон дарак медиҳад. Бо итминони комил метавон ба ҳайси чунин шайтонсифатон саркардаи наҳзатиёни ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ ва думравони чоплуси ӯро номбар намуд. Зеро, ин тоифаи ватангадоёни хиёнатпеша дар мамлакатҳои аҷнабӣ бо фармоиши хоҷагони маблағгузори хориҷӣ тез - тез созмону сомонаву ҳаракатҳои навро таъсис медиҳанду дар асл ҳадафу мақсадҳояшон муғризона ва иғвогарона боқӣ мемонад.

Таъсиси гурӯҳи наве бо номи “Бомдод” бар ивази ё худ дар пайравиисомонаи ахбор.ком падидаи навест, ки нафарони нобакори наҳзатӣ ба ин кор даст задаанд. Аслан, ҳамаи ҳизбу ҳаракат, созмонҳо ва дигар тоифаи гурӯҳҳое, ки онон бо унвони “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи 24” ва ғайра муассисҳои ягона доранд ва аз як манба маблағгузори мешаванд. Актёрони саҳнаи ҳамаи ин гурӯҳҳою ҳаракатҳо ҳамон хоинонанд, ки дур аз Ватан ба сиёҳкунии амалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сангпартоӣ ба сӯи Ватани аҷдодиро пешаи худ кардаанд, ки ононро мардуми Тоҷикистон бо унвони Кабирии касофат, Сайид Юнуси Истаравшании қассоб, Муҳаммадиқболи қаллоб, Мирзо Силимпури ваъдабоз ва ғайра мешиносанду нафрати беандоза доранд. Ин хоинони миллату Ватан зиёда аз 30 сол ин ҷониб Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он, амалҳои шоистаи таҳсини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷабҳаҳои мусбии рушди ҷомеаи Тоҷикистонро чашми дидан надоранд ва гӯё чун хас ба узви биноиашон таъсир дошта бошад, доимо аз пешравиҳои халқи Тоҷикистон нороҳату норозианд. Бар замми он, ҳамчун маркаби якрав сухани худро ҳақиқат мепиндоранду воқеияти пешравииҳаёти ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Алҳазар аз хоинону шайтонсифатони наҳзатӣ!!!

Собиров М.С. мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ