Изҳорот: Хиёнатҳои афроди ватанфурӯш дар филми “Хиёнат”
Ба ҳамагон маълум аст, ки фоҷиаи солҳои 90-умиасри ХХ халқи тоҷик дар ватанаш беватан буд, гуреза буд, сарсону саргардон, гушнаю ташнаю дар ба дар буд. Халқ ҳамеша дар вуҷудаш тарс дошт ва ин тарс аз марг, аз гушнагӣ ва аз даст додани фарзанд мушоҳида мешуд. Аз нобасомониҳои давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бародар хуни бародар мерезонду падар бо писар душман буд ва модаре аз фарзандаш ҷудо мегардид.
Дар ҳамон лаҳзаҳои хело ҳассос қувваҳои гуногун роҳҳои ғайриқонуниро пеш гирифта, ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш кишвари моро зери хавфу хатар мегузоштанд. Ин афроди ватанфурӯш ба мафкураи мардуми бесоводу аз дониш дур ва ҷавонони хому беандеша ақидаҳои нопоку нақшаҳои палидонаро ҷой доданд ва онҳоро ба сӯйи хонавайрониву ватанхаробӣ, хунрезиву ваҳшонияту бедодгарӣ раҳнамун карданд. Ин гуна афрод баъди фурӯ рафтани ҷанги шаҳрвандӣ низ ором нашуда, дубора хиёнат, ҷаҳолат, разолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд, ки чанде пеш баъди тамошои филми мустанади "Хиёнат" ошкор гардид.
Дар ин филм далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон аён гардидааст. Минбаъд мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаҳову шӯру мағалҳои онҳо бовар намекунанд.
Имрӯз мардуми кишвар бояд мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи томи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода бошанд.
Муттаҳидӣ метавонад, ки давлати азизи моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорад.
ШАҲРЗОД