​Изҳорот: ТЭТ ҲНИ ташкилоти террористӣ дар замони муосир

Дар луғатномаҳо омадааст, ки мафҳуми терроризм-содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар оғози солҳои 90-умиасри ХХ дар Тоҷикистон ва тамомои аҳли башаринсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамомим тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Тибқи тадқиқоти олимони коршинос решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Дар давраи муосир дар кишвари мо як гурӯҳ зиёиёни дасисакор бо мақсади қатли инсоният нақшаи дурнамои дар заминаи чорабиниҳои ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯъ ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ намуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки инхиёнаткорон дар натиҷаи амали намудани нақшаҳои худ ба сари миллати мо чи бадбахтиҳоро рӯ ба рӯ кардаанд.

Шаҳнозаи Умед

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ