Изҳорот: Мушкилотрасонӣ бо ин шева барғалат аст!

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода яке аз рӯзноманигорони ахиран ба таксиронӣ машғулшуда сабаби асосии расонаӣ кардани матлаби хешро шарҳдодааст. Ӯтаъкид кардааст, ки мақсад аз чунин тарзи муомила расонидани дарди дили мардум, аз ҷумла зинаҳои поёнӣба боло мебошад. Барои ба дарди мардум расидан ва робитаи мардумро бо Мақомотҳои болоӣ расонидан кумитаву ташкилотҳои алоҳида ҳастанд ва бевосита тамоми Раисони шуҳру ноҳияҳо рӯзҳои алоҳида барои дарди дили мардумро фаҳмидан рӯзҳои қабул муқаррар кардаанд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар бо чунин шева дарди дили мардумро ба боло расониданӣ бошад, ин шеваи ғалат ва дағал ба шумор меравад. Фаъолияти асосии ҳар шаҳрванд дар асоси қонуни кодексҳои алоҳида ба роҳмонда мешавад.

Вақте чунин қоидаву қонун нақс мегардад, пас ҷиноят содир мешавад. Агар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар хориҷи кишвар бо чунин шеваи фаъолият, яъне бе надоштани иҷозатнома ба таксионӣ машғул шавад, албатта ба ҳамин ҳолаттавре ки айни ҳол дучор шудааст, меафтод.

Пас суоле ба миён меояд, ки пас камбудӣ аз куҷост ва аз кист? Ба ин суол худи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бояд посухҷӯ бошад. Тамоми ронандаҳои мусофиркашонӣхуб медонанд, ки ба низом даровардани фаъолияти онҳо чунин ташвишҳои бавуҷудомадаро бартараф мекунад. Аз ин ҷиҳат, кори худро аз рӯи муқаррарот ба роҳ мемонанд. Ӯ рӯзноманигор, ки як андоза ин қонунмандиҳои роҳяк андоза гаронӣ ба бор овардааст, аз ин ҷиҳат худро мушкилрасони мардум ҳисобида ин масъаларо андак баҳсбарангез шарҳдодааст.

Аз ин фурсат истифода бурда чандин гуруҳҳои ифротӣбарои бозори суҳбату гапро мисли занҳо гарм кардан барномаҳои бардурӯғва дигар корҳоро ба анҷом расониданд. Ва барои боз ҳам бештар тафтиа андохтан аз ӯсабабҳои пешомадаро пурсон шуданд ва дар натиҷа чунин посух додаст: "Бародарон аз Русия ва кишварҳои дигар навиштанд, ки кумак кунем. Шахсан ба ин шакл ба ман даркор нест. Қувват дорам, Худо хоҳад, боз кор мекунам. Ман танҳо хостам, дарди халқро ошкор кунам, то мардуми боло бидонанд, ки мо – мардуми табақаи поёнӣ чӣ ҳол дорем". Мо боварии комил дорем, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи эҳсосотгап намезанад ва ақлро барои бартараф кардани ҳар гуна норасоиҳо ба кор хоҳанд бурд.

Кайхусрав Каримов–устоди Донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ