Ворух ҳамеша дар тани Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд!
Ҳудуди Осиёи Марказӣ бо водию кӯҳсораш ва дарёю шохобҳояш аз ҷониби ҷаҳониён чун макони маскуни қадимаи инсон, яъне ҳамчун пойгоҳи рушди ҷомеаи инсонӣ аз давраҳои 3-5 ҳазорсолаҳо то солшумори мелодӣ эътироф гардидааст. Мисоли аёни таърихии ин ҳаққониятро метавон дар таҷлили расмии ҷашни 5500 солагии осори Саразми бостонӣ дар водии Зарафшон бо қарори Созмони Милали Мутаҳид мушоҳида ва исбот намуд. Ҳафриётҳои архиологӣ ва ғайра собит сохтаанд, ки мардуми таҳҷойии ҳудуди Осиёи Марказӣ форсзабонон, хусусан тоҷикон буданду қавму қабилаю таборҳои дигар дар давраҳои нисбатан нави таърихӣ маскуни ин сарзамин шудаанд.
Алломаи бемисл Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари безаволи худ “Тоҷикон” ҳамаи ҷанбаҳои паҳншавии аҳолӣ дар ҳудуди Осиёи Марказиро бо алоқамандии раванди рушди миллати тамадддунофари тоҷик бо маъхазҳои воқеии таърихӣ исбот намудааст. Муайян гардидааст, ки миллати тоҷик дар сарзамини Осиёи Марказӣ ҳамчун миллати таҳҷоӣ маҳсуб меёбаду дар натиҷаи ҷангу ҷидол, забткориҳо ва дигар омилҳо мардуми кӯчманчии чорводору ҷангҷӯй низ тадриҷан ба ин макони сабзу хуррам маскун гаштаанд, ки ин ҳолат дар 300-700 соли охир ба вуқӯъ пайвастааст. Давлати абарқудрати Иттиҳодияи Шӯравӣ таҳти роҳбарии баъзе шахсиятҳои чаласаводу пастмаданият манфиатҳои сиёсии худро боло гузошта дар Осиёи Марказӣ ба миллатҳои дигар сатҳи Ҷумҳуриҳои алоҳидаро мансуб дониста халқи тоҷикро ҳудудан маҳдуд карда чун ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати дигар Ҷумҳурӣ сохтор карданд. Чунин амали тафриқаандозии худро дунболгирӣ менамуданд, ки оқибати онро дар муноқишаҳои сарҳадии байни Тоҷикистони маҳбуб бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон дидан мумкин аст.
Муноқишаи сарҳадӣ – ҳудудӣ дар қисмати ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворухи шаҳри Исфара ва ноҳияи наздисарҳадии Бобоҷон Ғафуров таърихи тӯлонӣ дораду авҷу хӯруши он дар солҳои охир боиси ҳалокати чандин нафарони бегуноҳ шудааст.
Чунин ҳолатро чанд ҷиҳати воқеъӣ аст, ки метавон якеро номбар сохт ва таҳлили сатҳӣ намуд. Баъд аз созишҳои роҳбарияти ҷонибҳо аз ҷониби масъулини Тоҷикистон бо мардуми кишвар вохӯриҳо доир гардида ба онҳо мӯҳтавои созиш фаҳмонида ва ба таҳаммулпазирӣ даъват карда мешаванд. Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ин тавсияҳои роҳбаронро мепазиранд ва мавриди амал қарор медиҳанд. Аз ҷониби масъулини Қирғизистон бошад ягон амали корбарӣ бо халқ дида намешаваду қирғизҳо ба иғвою найрангҳои якчанд нафар фирефта шударағми созишҳо мехӯранду масъулин чораандешӣ намекунанд. Эҳтимол меравад, ки сабаби ин ҳол аз пастфитратии масъулин ва фарҳанги ноҷояи халқи қирғиз чунин оқибатросоҳиб аст.
Имрӯзҳо баъди иғвои навбатии Қамчибек Тошиев - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон доир ба ивази Ворух мардуми Тоҷикистон якдилона изҳор медоранд, ки омодаем, ҳатто марзу буми Ватани худро бо яроқу нисори ҷони хеш ҳифз намоем!
Ҳар як пораи Тоҷикистон барои мо муқаддасу азиз аст ва ҳимояи он аз бадхоҳон ва душманони ин марзу бум рисолати шаҳрвандии мост!