​Чашми умед надорем зи кишти дигарон! (бардоште чанд аз филми «Хиёнат»)

Чанд рўзи охир аз тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми «Хиёнат» намоиш дода шуд. Мо, сокинони кишвар, медонистем, ки душманони миллат дар солҳои 90-уми садаи гузашта барои расидан ба мақсадҳои нопоки ва ниятҳои хоинонаи худ ба бисёр корҳои ваҳшиёнаву ноадолатона даст заданд ва Тоҷикстони тозаистиқлолро ба гирдоби хоку хун оғўшта намуданд, вале, гумонамон, филми «Хиёнат» чеҳраи аслии душманонро рўнамо ва дар ташаккули тафаккури ҳаммиллатон мусоидат намуд.

Маълум мешавад, ки душманон аз сустиродагӣ ва ҷаҳонбинии пасти сокинони кишвар истифода намуда, бо шиори «Озодӣ», «Демократия» ва ғайра мардумро ба майдонҳо кашиданду аз паси онҳо барои ноил шудан ба мақсаду ғаразҳои нопоки худ қарор гирифтанд...

Натиҷаи майдоннишиниҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда, ҳазорҳо манзили сокинон ба харобазор тадил ёфта, беш аз ду миллион нафар сокинони кишвар «шаҳд»-и ғурбату ғарибӣ чашиданд. Миқдоре аз онҳо ғарибхок ҳам шуданд, ки барои пайвандон то ба имрўз аламовар аст...

Ҳадафи тири нопоки худ қарор додани чеҳраҳои тобони илму адаби тоҷик, чун академикон Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, ҳуқуқшиносони поквиҷдону покнажод Нурулло Ҳувайдуллоев, Сафаралӣ Кенҷаев, адиби чирадаст Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон ба хотири боз ҳам манқурт ва пахш намудани тафаккури созандаву бунёдкори миллӣ будааст. Барои ин хиёнати миллӣ душманон, ононҳое, ки ин амали нангинро барои худ раво диданд, ҷавоб хоҳанд гуфт...

Ҳизби наҳзати ислом, ки бо “нон”-и муфт шикамашон сер аст, боз ҳам дар фикри ононанд, ки Тоҷикистони атласиву оҳарии моро, ки рўз ба рўз ободу дилфиреб гардида истодааст, ба кишвари ҷангзадаву харобазор тадбил дода, пасон ба мақсади нопоки худ ноил гарданд.

Мо аз он майдонғарибон нестем, ки чашми умед ба кишти дигарон дўзему ба оши ҳамсоя турб тарошем.

Мо, сокинони кишвари офтобрўяи Тоҷикистон, таваккулро ба кор намудаему пасон такяро ба Ҷаббор.

Бо раҳбарӣ ва раҳнамоии давлату ҳукумат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, қадам ба қадам Тоҷикистонро бо обилаи дастон ба сўи ободиву шукуфоӣ раҳнамоӣ хоҳем намуд.

Мо он мардуми гумроҳу нодони солҳои 90-уми садаи ХХ нестем, ки бозичаи дасти чанд тан ватанфурўшу мансабу чоҳпараст гардида, боз ҳам ба ҷаҳли мураккаб ғўта занем. Мо ватанро беш аз ҳарвақта дўст медорем ва тайёрем барои ҳимояи ВАТАН сина сипар намоем.

Эй мардум! Филми “Хиёнат”-ро бо чашми дил бубинед ва бо ақли созандаи хеш аз он хулосаҳои зарурӣ бароред!

Диловари Бедил,

устоди МДТ-и “ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ