Изҳорот: Нохалафии ҳамсоягони бесарусомон!
Ҳаёт ба сар бурдани аҳолӣ дар ҳудуди мамлакати алоҳидаи соҳибистиқлол ҳатман мавҷуд будани ҳамсоя ё худ давлати ҳаммарзро тақозо менамояд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ҳамчун рисолати олии давлатдорӣ бо ҷумҳуриҳои мухталиф, аз қабили Ҷумҳурии халқии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сарҳади ягона дорад. Тамаддуни тоҷиконаи халқи кишвар мақоли пурҳикмате дорад, ки “Ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур”, яъне ифодагари урфу одат ва таомули олии башарӣ ҷиҳати сабру таҳаммул, муошират ва муносибати одилонаю инсондӯстона бо ҳамсоягон мебошад. Аслан, одоби шарқиёна даъват менамояд, ки ҳангоми муносибат бо ҳамсоя баъзе гузаштҳо дар боби одамигарӣ ва дигар фазилатҳо мебояд бартарӣ дошта бошад. Дар ҷавоби чунин амалҳои ҷавонмардона ва соҳибфарҳангӣ ҷониби дигар низ мебояд чунин рафторро ба худ раво бинад.
Аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб дар қисмати муайяни Тоҷикистони шимолӣ зиддиятҳои пайваста байни мардуми таҳҷоии тоҷик ва қирғизони нохонда ба амал омадааст ва то ҳол идома дорад. Танҳо, давоми 2-3 соли охир дар ин минтақа зиёда аз 20-25 маротиба бесарусомонӣ ва ҳамлаҳои нохалафона ба марзи Тоҷикистон аз ҷониби баъзе намояндагони носолими кишвари ҳамсоя, ҳатто сарҳадбонони бенизоми Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуҷуд омадааст, ки нишонаи рақобати носолими давлатдорони ҳамсоя мебошад. Ҷониби Тоҷикистон тамоми ин давраҳо сабру таҳаммулро пеша намуда ба мардуми таҳҷоӣ тавсия ва муроҷиат кардааст, ки одоби ҳамсоягиро то ба охир риоя намоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистони ҳуқуқбунёду демократӣ дар доираи ин дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар амал менамояндулек, муноқишаҳо идома меёбанд. Нафарони муайяни марзи ҳамсоя, ки манфиати шахсии худро болотар аз манфиати давлат медонанд, ҳамеша бо тафриқаандозӣ ва амалҳои номатлуби иғвогарӣ (провокатсия) машғуланд. Новобаста аз он, ки шахсиятҳои ин нафарон муайян шудааст, то ҳол ҷониби Қирғизистон нисбати онҳо чораҳои дахлдори муҷозотиро наандешида истодааст.
Эҳтимол меравад, ки рӯзе тоқати мардуми таҳҷоии тоҷик ба охир мерасаду маҷбур мешаванд, ки нисбати миллати дӯсту ҳамсояи қирғиз амалҳою меъёрҳои қатъии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода намоянд. Аз ин лиҳоз,аз давлатдорони Ҷумҳурии Қирғизистон даъват карда мешавад, ки нисбати нафарони иғвогару тафриқаандози ба ҳамагон маълум ҳарчӣ зудтармуҷозоти қонуниро татбиқ намоянд ва аз санҷиши сабуриву таҳаммулпазирии мардуми тоҷик худдорӣ намоянд!
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент