​Мактуби иттилоотӣ ба таваҷҷуҳи магистрантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 21-уми майи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузори конференсияи чоруми илмӣ-амалии вилоятии магистрантонро дар мавзӯи «Мақоми ҷавонон дар рушди илм» ба нақша гирифтааст. Дар конференсияи мазкур магистрантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон аз рӯи равияҳои зерин иштирок карда метавонанд:

- Забоншиносии умумӣ ва рӯзноманигорӣ;

- Биологиява химия;

- Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ;

- Масъалаҳоиамалии педагогика ва психологияи муосир;

- Таърихи умумӣ, бостоншиносӣ;

- Санъатитасвирӣ, нақшакашӣ, технология ва дизайн;

- Математикаи амалӣва физика

- География ва сайёҳӣ;

Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар конференсия маърӯзаҳои муҳаққиқон то санаи 1 апрели соли 2021 қабул карда мешаванд. Чопи маводи конференсия ба нақша гирифта шуда, танҳо маводи ҷавобгӯ ба талабот аз ҷониби ҳайати тадорукот барои нашр дар маҷмӯа интихоб карда мешаванд.

Талабот ва шартҳои қабули мақолаҳо

  • Ҳаҷми маърӯза дар барномаи Microsoft Word (*doc, *docx), то 4-5 саҳифаи шакли А4;
  • Ҳамаи ҳошияҳо – 2,5 см, ҳуруф: Times New Roman Tj, андоза – 14, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 воҳид;
  • Дар матн ҷой додани расмҳо, ҷадвалҳо, графикҳову суратҳо иҷозат дода мешавад.
  • Маърӯза бо тақризи роҳбарӣ илмӣ қабул карда мешавад.
  • Номи мақола дар болои саҳифаи аввал, дар мобайн, бо ҳарфҳои сиёҳи сарлавҳавӣ, поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 воҳид аз тарафи рост ному насаби муаллиф, сипас ном ва нишонаи пурраи муассиса оварда мешавад.
  • Ба мақолаҳои пешниҳодшаванда УДК ва ББК гузошта шавад.

Маводи конференсия, ки дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намегардад ё ба талабот ҷавобгӯ намебошанд, қабул ва ё бозпас гардонида намешавад.

Вобаста ба маълумоти иловагӣба суроғаи зерин муроҷиат намоед: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бинои таълимии №3, шуъбаи магистратура, утоқи 422,

Телефон барои иртибот:

92-995-79-97,

92-795-11-91


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ