​ТЭТ ҲНИ ҳимоятгари сулҳ нест!

Давлати соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худ ва дигар муқаддасоташро арҷгузорӣ мекунад. Зеро он неъмати бебаҳо барои тамоми мардуми кишвар аст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ давлату ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста дар амнияти он ҳушдор мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ хуб медонад, ки он гурӯҳҳои ихтилофноке, ки ба шартномаи истиқрори сулҳ имзо карданд, оҳиста рӯз ба рӯз ва сол ба сол ниқоб аз рӯяшон гирифтаву парда аз рӯи ҳадафҳои ғаразнокашон бардошта шуда истодааст. Гарчанде фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон мамнӯъ дониста шуда, пайравонаш дастгир гардиданд, саркардагонаш дар хориҷи мамлакат паноҳ бурдаанд. Онҳо пайваста кӯшиш доранд, ки ба сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон зарбаҳо зада, ҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.

Бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон аз маблағҳои хадамоти ҷосусиикишварҳои дигар истифода кардани ТЭТ ҲНИ худ далели табиати зиддидавлатӣ доштани онро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, дар асоси қонунҳои Тоҷикистон баста шудани ҳизби мазкурро тақвият мебахшад.

Бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо ТЭТ ҲНИ новобаста аз Созишномаи имзокардаашон аз роҳҳои ҳалли низомии гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст накашидаанд. Соли 2015 бо роҳи нозомӣ кӯшиши табаддулоти сиёсӣ карданашон худисботи ин нияти шуми онҳо буд. Баъди ин қадар сиёҳкориҳо боз ҳам беасос Ҳукуматро дар аҳдшиканӣ гунаҳкор мекунанд.

Масъалаи муҳими дигар он аст, ки роҳбарон ва пайравони
ТЭТ ҲНИ худро ҳимоятгари дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ буданашонро тарғиб мекунанд. Чи тавре ки аз расонаҳои хабарии расмӣ иттилоъ пайдо мекунем, дар асл ҳамаи он даъвоҳояшон баракс буда, роҳбарияти кунунии ҳизб тоҷирони воқеӣ ва сиёсие ҳастанд, ки ба ғайр аз манфиати шахсиашон дигар ҳеҷ гуна манфиати миллию давлатиро эътироф намекунанд. Чи тавре ки аз гуфтаҳои он нафарони собиқ аъзоёни ин гурӯҳи ифротӣ бармеояд, онҳо маҳз аз фиребу дурӯғҳои роҳбаронашон дилмонда, симои манфурашонро эҳсос карда сафи ин ҳизбро тарк кардаанд ва ҳамон шиагароии эшон хам ҷуз фиреби Эрон зиёда чизи дигаре нест.

Роҳбарияти ТЭТ ҲНИ худро тарафдори сулҳу субот эълон кардаанд. Вале аз изҳороти онҳо ба хубӣ эҳсос мешавад, ки ин ҳама дурӯғ аст. Чӣ тавр онҳое, ки сулҳу оромиро тарғиб мекунад, роҳи мусаллаҳона ва табаддулоти низомиропеша мегирад. Онҳо ҳар як фурсатроистифода мебаранд, то ки дар ягон лаҳзаи ҳассос ба мамлакат ҳарбаи худро расонида бошанд. Дар пеш интихоботи соли 2020 истодааст. Дар баробари ин бо сар задани пандемия ва бемории COVID—19 дар мамлакат ташвишҳои зиёд, ба монанди пешгирии хурӯҷи ин беморӣ, роҳҳои табобати беморони сироятёфта, бо маводҳои дорувории лозима таъмин намудан, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғ.

Аз ин рӯ, мардуми мамлакатро мебояд, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос дар гирди хукумати ҷумҳурӣ ва Президенти худ муттаҳид гардида, барои роҳ наёфтани ҳар гуна қувваҳои иртиҷоӣ барои хахалдор кардани сулҳу субот ва амнияти кишвар мубориза баранд. Барои ин пайваста ҳушёриро аз даст надода, ба ҳар гуна фирефтаҳою овозаҳо дода нашуда, пайи ободии хонавода, маҳал, кучаю хиёбонҳо, деҳоту шаҳр ва умуман давлатамон бошем. Барои ин бояд ҳамешагӣ аз пайи маърифатнокии ҷомеа бошем. Ҳатто аз ҳамин реҷаи маҳдуди кучабароӣ самаранок истифода бурда, бо фарзандон ба китобхонию илмомӯзӣ машғул шавем. Маҳорату малака ва илмашонро фарзандон тавонанд, ки ба самти лозима равона созанд. Чун инсони созандаю бунёдкор ба воя расанд. Ба қадри неъмати бебаҳоямон – Истиқлоият бирасанд!

Ҳасанова З. дотсенти кафедраи фалсафаи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ